Соли 2014 дар марзи Тоҷикистон 18 задухӯрди мусаллаҳона рух дод



Дар Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Ятимов С.С.,  муовини авали раис – Сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ,  муовинони роҳбарияти  Қӯшунҳои сарҳадӣ, сардорони раёсатҳо ва командирони ҷузъу томҳои Сарраёсат иштирок намуданд.

Тавре аз Маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ ҶТ хабар доданд, 

дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ-ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар соли 2014 баррасӣ гардиданд ва вазифаҳои хизматӣ барои соли 2015 муайян карда шуданд.

Зикр гардид, ки хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳо аз муомилоти  ғайриқонунӣ  1 260 кг  567 гр  маводи нашъаовар, аз ҷумла: 67 кг 703 гр героин, 154 кг 706 гр афюн  ва  1 038 кг  158 гр маводи гурӯҳи каннабис мусодира намуданд. 19 нафар қочоқчии маводи нашъаовар боздошт карда шуда,  398 929 бех ниҳоли банги ҳиндӣ нобуд карда шуд.

Дар давраи сипаришуда 125  далелҳои вайрон кардани сарҳади давлатӣ ба қайд гирифта шуда, 235 нафар вайронкунандагони сарҳад боздошт карда шуданд. Дар ин давра 18 ҳодисаи задухӯрди мусаллаҳ ба қайд гирифта шудааст, ки 11 нафар вайронкунандагони сарҳади давлатӣ нобуд карда шуданд.  Дар соли 2014 сарҳадчиёни тоҷик  21 адад яроқи оташфишони гуногун, аз ҷумла, 11 адад милтиқ ва камони шикорӣ, ҳамчунин 1 668 дона тирҳои гуногунқутр мусодира намуданд. Сарҳадчиёни тоҷик дар ин муддат 61 маротиба амалиётҳои махсус гузарониданд.

Дар ҷаласа баъзе норасоиҳои ҷойдошта дар фаъолияти Сарраёсат муҳокима карда шуд ва чораҳои зарурӣ барои бартараф намудани онҳо муайян карда шуданд. Ба роҳбарони Раёсатҳо ва командирони қисмҳои ҳарбӣ оиди саривақт иҷро намудани чорабиниҳои ба нақша гирифта шуда супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар ҷамбасти ҷаласа Отрядҳои сарҳади, дидбонгоҳҳои сарҳадии намунави  аз номи Раиси кумита ва Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ бо мукофотҳо сазовор гаштанд. 

spot_imgspot_img

Популярное