Раиси вилоти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба раҳбарияти корхонаи муштараки сементбарории Тоҷикистону Чин «Хуаксин-Ғаюр-Суғдсемент» пешниҳод намуд, ки дар оянда дар шаҳри Хуҷанд шабакаи барқу гармидиҳии ширкатро бо иқтидори 100 мегават бунёд намоянд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни мулоқот бо раҳбарияти ин корхона А.Қодирӣ зикр кард, ки сохтмони чунин иншоот дар маркази маъмурии вилоят метавонад баҳри таъмини беҳтари сокинони шаҳр ва вилоят бо нерӯи барқ ва гармидиҳӣ мусоидат намояд.
Гуфта мешавад, раҳбарияти корхонаи «Хуаксин-Ғаюр-Суғдсемент» ин пешниҳоди раиси вилоятро бо хушнудӣ пазируфтаанд.
Қобили зикр аст, ки дар шаҳри дуюми бузурги Тоҷикистон то ҳанӯз маркази барқу гармидиҳӣ мавҷуд нест. Замони Иттиҳоди Шӯравӣ шаҳри Хуҷанд тариқи дегхонаҳои ҷудогона дар маҳаллаҳо бо гармӣ таъмин мегардид.



