Бунёди маҷмааи универсалии варзишӣ дар пойтахт ба маблағи 600 млн. сомонӣ



Барои сохтмони маҷмааи универсалии варзишии «Пойтахт-90», ки сохтмонаш дар кӯчаи Карамов, рӯ ба рӯи боғи фарҳангу истироҳати «Пойтахт» ҷараён дорад, аз рӯи ҳисобу китоби пешакӣ аз буҷети шаҳри Душанбе ҳудуди 600 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод.

Ба гуфтаи вай, барои сохтмонни иншоот ҳудуди 10 гектар қитъаи замин ҷудо гардида, лоиҳа аз ҷониби мутахассисони гурӯҳи ширкатҳои Ростовгипрошахти Федератсияи Русия бо назардошти талу теппаҳои атроф ва соҳили рӯди Душанбе тарзе таҳия гардидааст, ки тамоми зебоиҳои релефи маҳал ба фоидаи кор истифода мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар ин ҷо қасрҳои варзишии болопӯшида ва нимпӯшида ва ҳам майдону майдончаҳои гуногун барои теннис, ҳавзҳои хурду миёна ва бузурги барои шиноварӣ ва дигар намудҳои варзишӣ обӣ ва ҳамчунин қасри намудҳои варзиши рӯйи ях бо навтарин стандартҳои ҷаҳонӣ сохта мешаванд.

Ин маҷмаа дорои толорҳо ва майдонҳои гуногуни варзишианд, ки ҳар яке аз 150 то 3000 ҷойи нишаст барои тамошобинон доранд. Аз ҷумла 7 майдони омӯзишии теннис ҳар яке 150 ҷойи нишаст ва қасри теннис 3 ҳазор ҷойи нишаст доранд. Қасри калони варзиши обӣ бошад дорои 2 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд.

Зимнан зикр гардид, ки анҷоми сохтмони маҷмааи универсалии варзишӣ дар давоми дуним соли минбаъда ба нақша гирифта шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное