ҲНИТ умедвор аст, ки қазияи Маҳмудовро президент зери назорат мегирад

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 11-уми феврал дар робита ба боздошти узви ҳизб Ҷамолидддин Маҳмудов ба иттиҳоми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа изҳорот қабул намуд. Дар изҳороти интишоршудаи ҲНИТ дар ин робита таъкид мегардад, ки боздошти узви Шӯрои сиёсӣ ва намояндаи ҳизб дар КМИР, Ҷалолиддин як амали аз қабл тарроҳишуда мебошад. Гуфта […]

ASIA-Plus



Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 11-уми феврал

дар робита ба боздошти узви ҳизб

Ҷамолидддин Маҳмудов ба иттиҳоми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа изҳорот қабул намуд.

Дар изҳороти интишоршудаи ҲНИТ дар ин робита таъкид мегардад, ки боздошти узви Шӯрои сиёсӣ ва намояндаи ҳизб дар КМИР, Ҷалолиддин як амали аз қабл тарроҳишуда мебошад.

Гуфта мешавад, ин силоҳро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳанӯз соли 2013 кашф намуда, дар ҷараёни ин қазия будаанд. Замони ҷанги шаҳрвандӣ роҳбарияти ИНОТ ба Ҷ.Маҳмудов, ки ҳамраиси нави комиссияи мазкур аз тарафи ИНОТ таъйин шуда буд, туфангчае барои ҳифозати хеш ҷудо мекунад. Пас аз расидан ба сулҳу созиш Маҳмудов аз дӯсташ Л.Сардоров хоҳиш мекунад, ки таппончаро нобуд созад.

«Шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошт ва кушода шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҷамолиддин Маҳмудовро маҳкум намуда, ин корро як амали сирф сиёсӣ ва марбут ба раванди интихобот медонад. Зеро пинҳон доштани ин қазия муддати беш аз як сол ва ошкор карданаш дар чунин як марҳалаи сиёсӣ наметавонад дигар маънӣ дошта бошад», – омадааст дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ.

Зикр мегардад, ки ҳанӯз соли 2013 ҳукуматдорон дар бораи таппончаи мусодирашуда огаҳӣ доштанд, вале ҳатто ба президент маълумот надоданд ва ин ҳам дар ҳолест, ки чанд моҳ пеш ҳангоми пешниҳоди номзадии Ҷ. Маҳмудов аз тарафи Президенти ҶТ ба КМИР ягон мулоҳизаи дигаре ба вуҷуд наомад.

«Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз мақомоти зидахли қазия тақозо менамояд, ки масъаларо мунсифона баррасӣ карда, ҳарчи зудтар Ҷ. Маҳмудовро аз боздошт раҳо намоянд. Инчунин умед аст, ки Президенти кишвар бо дарназардошти гуфтаҳои боло ва нақши шахсии Ҷ. Маҳмудов дар назорат бар оташбас ва расидан ба сулҳ, қазияи мазкурро зери назорат мегиранд», – баён мегардад дар изҳорот.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.