Нисбати мушовири раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҷалолиддин Маҳмудов чораи пешгирии ду моҳ таҳти ҳабс қарор додан татбиқ мешавад. Чунин қарор рӯзи 13 феврал аз ҷониби суди ноҳияи Исоили Сомонӣ содир гардид. Ҷ.Маҳмудов дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ қарор дорад.
Бузургмеҳр Ёров, адвокати Маҳмудов дар ин робита иттилоъ дод, ки зерҳимояаш қисман айби нигаҳдории силоҳро эътироф мекунад. «Ӯ мегӯяд, ки соли 1996 бо мақсади амният ба ӯ силоҳ дода шуда, гуноҳаш ин аст, ки саривақт онро қонунӣ накард ва тамоман аз хотираш фаромӯш шуда буд. Аз ин рӯ, ӯ қонун дар бораи нигаҳдории силоҳро риоя накардааст», – иброз дошт Ёров.
Ба гуфтаи Барот Беков, адвокати дигари узви фаъоли ҲНИТ, ҷониби ҳимоя дар бораи бекор кардани қарори суди ноҳия оид ба татбиқи чораи ҷазои дар ҳабс нигоҳ доштан ариза омода мекунад.
Ёдрас мекунем, ки қаблан Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар бораи боздошти узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон аз ҲНИТ барои ғайриқонунӣ нигаҳдории силоҳ
изҳорот интишор кард.



