Э.Абдилдаев: Муносибатҳо бо Ӯзбекистону Тоҷикистон номуайян боқӣ мемонанд

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев изҳор дошт, ки муносибатҳои ин кишвар бо Ӯзбекистону Тоҷикистон номуайян боқӣ мемонанд. Дар ин бора ВАО-и Қирғизистон иттилоъ медиҳанд. «Муносибатҳои мо бо ҳамсоякишварҳо – Ӯзбекистону Тоҷикистон номуайян боқӣ мемонанд. Бо назардошти тақвияти мавқеъи Русия дар минтақа, аз ҷумла иштироки он дар лоиҳаҳои гидроэнергетикии Қирғизистон, мавқеъи Тошканд дар робита ба […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев изҳор дошт, ки муносибатҳои ин кишвар бо Ӯзбекистону Тоҷикистон номуайян боқӣ мемонанд. Дар ин бора


ВАО-и Қирғизистон


иттилоъ медиҳанд.

«Муносибатҳои мо бо ҳамсоякишварҳо – Ӯзбекистону Тоҷикистон номуайян боқӣ мемонанд. Бо назардошти тақвияти мавқеъи Русия дар минтақа, аз ҷумла иштироки он дар лоиҳаҳои гидроэнергетикии Қирғизистон, мавқеъи Тошканд дар робита ба қатъи муколамаи дуҷониба ва мутаваққиф сохтани интиқоли газ ба ҷануби ҷумҳурӣ баръало возеҳ гардид», – гуфтааст Абдилдаев зимни суханронии рӯзи 16 феврал дар Кумитаи умури байнулмилалии парлумони Қирғизистон.

Ба гуфтаи ӯ, дар навбати худ мушкилоти ҷойдоштаи марзӣ бо Тоҷикистон муносибатҳо миёни кишварҳоро давоми соли гузашта нисбатан муташанниҷ намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.