Мусоҳибаи сафири Тоҷикистон бо Бунгоҳи хабарии Ховари Миёна

Чанде пеш Бунгоҳи хабарии Ховари Миёна (Middle East News Agency), ки хабаргузории ҳукуматии Миср мебошад, мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозириро бо хабарнигори дипломатии бунгоҳ Шуҳрат Салоҳ Ориф мунташир кард. Бино ба иттилои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Миср, дар ин мусоҳиба дар посух ба пурсишҳои хабарнигор сафири кишвари мо пиромуни масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Чанде пеш Бунгоҳи хабарии Ховари Миёна (Middle East News Agency), ки хабаргузории ҳукуматии Миср мебошад, мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозириро бо хабарнигори дипломатии бунгоҳ Шуҳрат Салоҳ Ориф мунташир кард.

Бино ба иттилои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Миср, дар ин мусоҳиба дар посух ба пурсишҳои хабарнигор сафири кишвари мо пиромуни масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Миср дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсат, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, гардишгарӣ ва масъалаҳои дигари байналмилалӣ изҳори назар намуд.

Гуфта мешавад, гузашта аз ин, дар мусоҳибаи мазкур изҳори умедворӣ шудааст, ки ҷониби мисрӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015, ки дар Душанбе 9-11 баргузор мегардад, фаъолона иштирок хоҳад намуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.