Ҷаласаи охирини Шӯрои палатаи поёнии парлумон

Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи охирини Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати кунунӣ баргузор шуд. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи Шӯрои масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи Суди контситутсионӣ», «Дар бораи рӯзҳои ид», […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи охирини Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати кунунӣ баргузор шуд.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи Шӯрои масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи Суди контситутсионӣ», «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи реклама», «Дар бораи ҳифзи давлатӣ ва дастгирии соҳибкорӣ», «Дар бораи рақобат ва маҳдудияти фаъолияти инҳисорӣ дар бозори мол» ва ғайра баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи тасдиқи созишномаҳо тибқи лоиҳаи «Ҷорисозии низоми баҳисобгирии яклухти интиқоли барқ ва беҳбуди низоми интиқоли барқ миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд», созишнома миёни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии даст кашидан ва пардохти андоз аз даромад ва сармоя, созишнома миёни Тоҷикистон ва ҶДММ «Ширкати саноати кӯҳкории Тоҷикистону Чин» дар бораи коркарди комплексии захираҳои кони «Зарнисори Шимолӣ», созишнома миёни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд тибқи лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Норак низ матраҳ гардиданд.

«Тамоми масъалаҳои аз ҷониби Шӯро баррасишуда ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки санаи 25 феырал доир мегардад, ворид карда шуданд», – гуфт Султонов.

Зимнан зикр гардид, ки ҷаласаи охирини иҷлосияи Шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ рӯзи 27 феврал доир гардида, дар он раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар бораи фаъолияти даъвати кунунии парлумон ҳисобот медиҳад ва сипас ваколатҳои намояндагони мардумии даъвати ҳозира ба итмом мерасад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.