Номзадҳои пешбаришудаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аксари куллли курсиҳо дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо ишғол хоҳанд кард.
Раиси комиссияи интихоботии пойтахт Санавбар Раҳимова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз рӯи натиҷаҳои интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи пойтахт, ки санаи 1 март доир гардид, аз 70 ҳавзаи интихоботӣ намояндагони ҲХДТ дар 67 ҳавза пирӯз шуданд.
«Ба ҷуз онҳо, ҳамчунин 1 номзади Ҳизби коммунист, 1 намояндаи Ҳизби сотсиалистӣ ва 1 номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ низ вакил дар Маҷлиси вакилони халқи пойтахт интихоб шуданд», – қайд кард Раҳимова.







