Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти БОР-ро ба ҳузур пазируфт

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки осиёии рушд Венкай Жангро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, ба хусус барои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои бӯҳронии хориҷӣ, баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар моҳи аввали соли […]

ASIA-Plus



Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки осиёии рушд Венкай Жангро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, ба хусус барои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои бӯҳронии хориҷӣ, баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар моҳи аввали соли равон 5,1 фоизро ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 2 банди фоизӣ кам аст.

Венкай Жанг изҳор дошт, ки Бонки осиёии рушд ҳамоно дастгирии худро аз рушди босуботи иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла барои татбиқи босамари чораҳои Ҳукумати кишвар барои пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ, идома медиҳад.

Бо қаноатмандӣ тазаккур дода шуд, ки тайи солҳои ҳамкорӣ аз ҷониби Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон тақрибан 1,3 миллиард доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумаки техникӣ пешниҳод шудааст. Ҳоло ба маблағи зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, молияи давлатӣ ва ғайра мавриди татбиқ қарор доранд.

Атрофи лоиҳаи Стратегияи панҷсолаи ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд барои солҳои 2016-2020, ки асосан масъалаҳои беҳтар намудани шабакаҳои роҳу нақлиёт, амнияти энергетикию озуқаворӣ, дастрасӣ ба оби тоза ва хизматрасонии иҷтимоӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҳамкории минтақавиро бояд дар бар бигирад, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки осиёии рушд барои дастгирии доимӣ ва ба хусус барои пуштибонӣ аз лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон арзи сипос намуд.

Изҳори бовар карда шуд, ки лоиҳаҳои дигари пешниҳодшуда низ мавриди дастгирӣ қарор гирифта, тадриҷан дар амал татбиқ мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.