Дидори сафири Тоҷикистон бо мудири Идораи Аврупои Дабирхонаи Ҷомеаи давлатҳои арабӣ

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозирӣ дар Қоҳира бо мудири Идораи Аврупои Дабирхонаи Ҷомеаи давлатҳои арабӣ Умния Тоҳо дидору гуфтушунид кард. Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Миср хабар доданд, Хусрав Нозирӣ ба Умния Тоҳо даъватномаи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба унвони Дабири кулли  Ҷомеаи давлатҳои арабӣ Набил ал-Арабӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронси […]

ASIA-Plus



Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозирӣ дар Қоҳира бо мудири Идораи Аврупои Дабирхонаи Ҷомеаи давлатҳои арабӣ Умния Тоҳо дидору гуфтушунид кард.

Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Миср хабар доданд, Хусрав Нозирӣ ба Умния Тоҳо даъватномаи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба унвони Дабири кулли  Ҷомеаи давлатҳои арабӣ Набил ал-Арабӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015-ро супурд.

Қобили зикр аст, ки конфронси байнулмилалии мазкур дар Душанбе 9-11 июни 2015 мувофиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ 69/215 баргузор хоҳад гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.