Имкони бо патенти соли гузашта кор кардани муҳоҷирон дар Русия



Рӯзи 4 март дар шаҳри Маскав таҳти роҳбарии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва  муовини аввали сарвазири Русия Игор Шувалов ҷамъомади навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории меҳнатию иқтисодӣ баргузор шуд.

Бино ба

иттилои АМИТ «Ховар»

, зимни ифтитоҳи ҷамъомад И. Шувалов аз рушди муносибатҳои дуҷониба, махсусан дар бахши тиҷорату иқтисод қаноатмандӣ изҳор намуда,зикр кардааст, ки мубодилаи мол миёни ду кишвар дар соли 2014 ба таври назаррас афзуд. Шувалов гуфт, ки оид ба  таҳвили маҳсулоти меваю сабзавот аз Тоҷикистон ба Федератсияи Русия созишнома ба имзо расид.

Ба қавли ӯ, Русия имконпазир будани пешниҳоди Тоҷикистонро  дар мавриди ҷудо гардидани қарзи грантӣ барои ташкили марказҳои омӯзиши забони русӣ ва мактабҳои русӣ дар марказҳои ноҳияҳои Тоҷикистон баррасӣ менамояд.  

Гуфта мешавад, ҳамчунин Шувалов таъкид намудааст, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар соли 2014 соҳиби патент шудаанд, бояд ба мақомоти Хадамоти Федералии Русия муроҷиат кунанд ва имконият дода мешавад, ки ин муҳоҷирон дар муддати як моҳ, бе баромадан аз ҳудуди Русия, патенти навро ба қайд гиранд.

Қ. Расулзода дар навбати худ зикр кардааст, ки Тоҷикистон барои муколамаи васеъ бо Русия-шарики дерини стратегии худ ҷиҳати вусъат ва таҳкими муносибот дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ омода аст.  Вай зикр кард, ки ҳаҷми табодули мол миёни Тоҷикистону Русия дар соли 2014 ба андозаи 37% зиёд шуда, 1,2 млрд. долларро ташкил дод. 

spot_imgspot_img

Популярное