Зимни ҷаласаи имрӯза дар Душанбе таҳти унвони «Таҳдидҳои нав дар бахши амният дар Осиёи Марказӣ», ки дар доираи Муколамаи сатҳи баланд оид ба амният байни Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Осиёи Марказӣ мегузарад, муовини котиби генералии Хадамоти аврупоии фаъолияти хориҷӣ Ҳелга Мария Шмид изҳор намуд, ки ИА ба ҳамкориҳояш бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти таҳкими амният дар минтақа бояд тақвият бахшад.
Х.Шмид зикр кард, ки айни замон Иттиҳоди Аврупо муносибат ба масоили амният дар минтақаи Осиёи Марказиро бозбинӣ мекунад ва таъкид дошт, ки таъини намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба масоили амният дар минтақа ва ҳамчунин густариши робитаҳои мутақобила бо кишварҳои минтақа дар ин масоил бар асоси ҳамкориҳои дуҷониба дар назар аст.
Ба гуфтаи ӯ, вазъи марбут ба таъмини амният дар минтақаро як қатор омилҳо, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ғайра мушкил месозанд.
«Имрӯз шумори зиёди одамон ба гурӯҳҳои гуногуни ифротгаро, аз ҷумла ДИИШ шомил мегарданд. Аз нигоҳи ҷанбаҳои зиёде Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар як қаиқ саворанд. Аз ин рӯ, мо бояд роҳу воситаҳои муқовимат ва истодагарӣ бо ин таҳдидҳоро пайдо намуда, амалҳои муштарак алайҳи онҳоро таҳия созем», – таъкид дошт намояндаи Иттиҳоди Аврупо.



