Суди Истамбул имрӯз акси қотили эҳтимолии Қувватовро нишон медиҳад



Интизорӣ меравад, ки имрӯз суди шаҳри Истамбул акси гумонбар ба қатли Умаралӣ Қувватовро нишон медиҳад.


Радиои Озодӣ

бо истинод ба сарчашмаҳои худ дар Истамбул дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки қарор аст, пулис акси ин қотили эҳтимолиро рӯзи 16 март ба Сӯҳроб Тӯраев, яке аз наздикони Умаралӣ Қувватов нишон бидиҳад.

Бино ба навиштаи радиои Озодӣ, тайи 10 рӯзи таҳқиқ тавассути таъқиби тамосҳои телефонӣ тақрибан то 15 нафаре, ки дар рӯзҳои қабл аз куштори Қувватов бо Сулаймон Қаюмов, як гумонбари асосӣ дар ташкили ин куштор тамоси телефонӣ доштаанд, мавриди пурсуҷӯ қарор гирифтанд ва «аз ин миён тақрибан 7 ило 8 нафараш дар боздоштанд».

Қаблан дар бораи

боздошти 3 шаҳрванди Тоҷикистон

ба гумони даст доштан дар куштори Қувватов иттилоъ дода шуда буд. То имрӯз 2 нафарашон таҳти баёноти тарк накардани маҳалли зист то анҷоми тафтишот озод гардида, С.Қаюмов дар ҳабс қарор дорад.

Санаи 12 март шӯрои сиёсии созмони «Гурӯҳи 24» расман эълом дошт, ки Шарофиддин Гадоев вориси Умаралӣ Қувватов ва Собир Валиеви 27-сола муовини ӯ таъин шуданд.

Раиси тозаинтихоби «Гурӯҳи 24» Шарофиддин Гадоев изҳор доштааст, ки баъди интишори изҳороти шӯрои сиёсии созмон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ модари Собир Валиев – Сайбибӣ Раҷабоваро барои суҳбат даъват кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки Умаралӣ Қувватов рӯзи 5 март дар Туркия кушта шуда, ҷасади ӯ рӯзи 9 март дар ин кишвар

 ба хок супурда шуд.

  Маросими ҷанозаи Қувватов дар ҳамон масҷиде, ки муддате ӯ бо аҳли оилааш дар он иқомат дошт, баргузор гардид.

spot_imgspot_img

Популярное