Гумонбарии корманди ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» ба қаллобӣ



Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 257 КҶ ҶТ (Қаллобӣ) корманди филиали ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» дар ноҳияи Ҷиргатол Мухтор Абдураҳмоновро боздошт намуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Агентии зиддифасод, М.Абдураҳмонов дар азхудкунии воситаҳои зиёди пулӣ гумонбар дониста шуда, ҳангоми фаъолият дар ин филиали 437 ҳазору 395 сомониро ғайриқонунӣ азхуд намудааст.

Гуфта мешавад, аз 465 ҳазору 618 сомонӣ маблағҳои аз ҷониби мизоҷони бонк пардохтшуда ба сифати қарзҳои бонкӣ ва фоизҳо М.Абдураҳмонов ба хазинаи бонк ҳамагӣ 28 ҳазору 223 сомонӣ маблағ ворид намуда,  боқимонда маблағро тасарруф ва ба манфиати шахсиаш истифода кардааст.

spot_imgspot_img

Популярное