Дар Суғд ба 10 нафар аъзои ҲИӮ ҳукм содир шуд



Суди вилояти Суғд ба гумони узвият дар Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) 10 нафар сокинони вилоятро ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум кард.

Аз суди мазкур ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки рӯзи сешанбе дар суди вилоят мурофиаи баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати 10 нафар сокинони вилояти Суғд ба гумони узвият дар «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (Туркистон)» ба анҷом расид.

Ҳамаи маҳкумшудагон сокинони синни аз 22 то 27-солаи ноҳияи Спитамен мебошанд. Моҳи ноябри соли 2014 онҳо ихтиёран ба сафҳои ҲИӮ пайваста, моҳи декабри соли 2014 аз ҷониби кормандони милисаи вилояти Суғд боздошт шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, суд се тан аз онҳоро ба 1 соли зиндон ва нафарони боқимондаро ба аз 9 то 17 соли зиндон маҳкум кардааст. Муҳлати ҷазоро яке аз маҳкумшудагон дар зиндони низомаш шадид, 6 нафар дар зиндони реҷааш пурзӯр ва 3 тан дар муассисаи ислоҳии низомӣ умумӣ адо мекунанд. Ҳукми суд ҳоло мавриди амал қарор нагирифтааст.

Ҳаракати исломии Ӯзбекистон созмони исломӣ мебошад, ки соли 1996 аз ҷониби собиқ аъзоёни як қатор ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсии дар Ӯзбекистон мамнӯъбуда, тимсоли «Ҷомеаи адолат», «Ҳизби Эҳёи исломӣ», «Ҳизби исломии Туркистон», «Ҷанговарони Ислом» ва ҳоказо таъсис дода шудааст. Раҳбари ҳаркати мазкур Тоҳир Юлдошев, ва сарвари банди низомӣ Ҷуъма Ҳоҷиев мебошанд.

Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (Туркистон) аз ҷониби аксари кишварҳои ҷаҳон ҳамчун созмони террористӣ ҳисобида мешавад.

Фаъолияти ҲИӮ аз тарафи ҳукуматдорони Ӯзбекистон назора карда мешавад, ва дар алоқамандӣ ба ин, аксари раҳбарон ва аъзоёни қатории ҳаракати мазкур дар муҳоҷират қарор доранд. Ситоди он то оғоз шудани амалиётҳои зиддитеррористӣ дар Афғонистон, дар шаҳри Қандаҳори ин кишвар воқеъ буд.

Аксари аъзоёни ҲИӮ дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба ҷониби Мухолифини муттаҳидаи тоҷик ширкат варзидаанд. Дар ҷараёни танзимнамоии низои дохилитоҷикӣ фармондеҳони сайёри ҲИӮ аз иҷро кардани шартҳои созишномаеро, ки дар байни ҳукумат ва мухолифини муттаҳидаи тоҷик ба тасвиб расонида шуда буд, дасткашӣ карданд. Моҳи августи соли 1999 сафҳои ҲИӮ (бо шумораи қариб 1000 нафар) ба ноҳияҳои ҷанубии Қиригизистон зада даромаданд. Моҳи октябри ҳамон сол, сафҳои ҳаракати мазкур қаламрави ин ҷумҳуриро тарк карданд. Дар замони амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон аъзоёни ҲИӮ дар муқовимати нерӯҳои муттаҳидаи байналмилалӣ иштирок карданд. Зимни бомбаборонкуниҳо дар моҳи ноябри соли 2001 раҳбари ҳарбии ҳаракти мазкур Ҷуъма Ҳоҷиеви намангонӣ вафот кард.

Қисмҳои низомии ҲИӮ, ки ба тарк кардани хоки Афғонистон маҷбур шуданд, бо раҳбари он Тоҳир Юлдошев дар музофотҳои Покистон, Вазиристони шимолию ҷанубӣ маскан гирифтанд ва дар он ҷо дар ҷангҳои Вазиристон ба ҷониби Толибон бевосита ширкат варзиданд.

spot_imgspot_img

Популярное