Мурофиаи «парвандаи иқтисодӣ»-и Зайд Саидовро судяи нав раисӣ мекунад

Судя Алпомиш Акбаров, ки раёсат дар «парвандаи иқтисодӣ»-и Зайд Саидовро ба уҳда дошт, бинобар сабаби беморӣ аз мурофиаи мазкур барканор шуда, аз ин ба баъд раёсат дар парвнадаи мазкур ба дӯши судя Мирзо Каримов вогузор шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Суди олии ҶТ хабар доданд. Қобили зикр аст, ки санаи 6-уми феврал соҳибкори […]

Ҳумайро Бахтиёр



Судя Алпомиш Акбаров, ки раёсат дар «парвандаи иқтисодӣ»-и Зайд Саидовро ба уҳда дошт, бинобар сабаби беморӣ аз мурофиаи мазкур барканор шуда, аз ин ба баъд раёсат дар парвнадаи мазкур ба дӯши судя Мирзо Каримов вогузор шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Суди олии ҶТ хабар доданд.

Қобили зикр аст, ки санаи 6-уми феврал соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ба Суди олии ҶТ муроҷиатнома ирсол намуда, 


шарт гузошт

,

 ки мурофиаи нави судӣ оид ба баррасии парвандаи ӯ бояд ба таври кушода ҷараён гирад. Дар муроҷиатномаи худ Зайд Саидов изҳор кард, ки мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи «иқтисодӣ»-и ӯ бояд таври кушода дар толори суд гузаронида шавад.

Адвокат соҳибкор Исҳоқ Табаров қайд карда буд, ки дар муроҷиатномааш Зайд Саидов зикр мекунад, ки парвандаи пешини ӯ таҳти муҳри махфӣ қарор дошт. «Парвандаи ҳозира бошад, иқтисодӣ аст ва ӯ тақозо дорад, ки зимни баррасии он ҳуқуқҳояш ва ҳамчунин ҳуқуқҳои шахсоне, ки бояд дар толори суд ҳузур дошта бошанд ва намояндагони ВАО поймол карда нашаванд», – таъкид дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки 12 феврал 


мурофиаи нахуст


оид ба баррасии парвандаи нави «иқтисодӣ»-и Зайд Саидов баргузор шуд. Он замон судяи Суди олӣ Алпомиш Акбаров изҳор намуда буд, ки мурофиа кушода аст, вале бинобар сабаби танг будани толор, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар он иштирок карда наметавонанд.

«Ин парванда аз 75 ҷилд иборат буда, мутобиқи моддахои 245 ((Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 262 (Ба миқдори калон қонунӣ гардонидани маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки ғайриқонунӣ бадастовардашуда), 292 (Ба миқдори махсусан калон саркашӣ намудан аз супоридани андозҳо ва пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ), 314 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп,муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ боз шудааст», – қайд карда буд И.Табаров.

Соҳибкор Зайд Саидов 19-уми майи соли 2013 баъди бозгашт аз сафари хидматӣ аз Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд. Санаи 25-уми декабри соли 2013 Суди олии Тоҷикистон тоҷир ва собиқ вазири саноати кишвар Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум намуд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои таҷовуз ба номус, серзанӣ, қаллобӣ ва ришваситонӣ муттаҳам дониста шуд.

Моҳи июли соли гузашта дар парвандаи Зайд Саидов айбномаҳои нав – азхудкунии воситаҳои буҷет зимни сохтмони маҷмааи «Душанбе-Плаза» тариқи сохтакории ҳуҷҷатҳо пайдо шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.