Ширкатҳои Чин мушкилоти камбуди оби полезии 2 ноҳияи Суғдро ҳал мекунанд

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ президенти ширкати “Asia Ridgers Foundation Investment Group CO Limited” Ма Хианглинг ва менежери генералии ширкати СR20G – и Ҷумҳурии мардумии Чин Минг Таоро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, зимни сӯҳбат ҷонибҳо барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои самараноки дуҷониба гуфтушунид намуданд. Тавре дар аснои мулоқот зикр […]



Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ президенти ширкати “Asia Ridgers Foundation Investment Group CO Limited” Ма Хианглинг ва менежери генералии ширкати СR20G – и Ҷумҳурии мардумии Чин Минг Таоро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, зимни сӯҳбат ҷонибҳо барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои самараноки дуҷониба гуфтушунид намуданд.

Тавре дар аснои мулоқот зикр гардид, ширкати СR20G дар шаҳри Сиани Чин ҷойгир буда, он яке аз бузургтарин ширкатҳоест, ки ба лоиҳакашӣ ва сохтмони роҳи оҳан, метро, шоҳроҳҳо, фурудгоҳ, пулу нақб обанбор ва ғайраҳо машғул аст. Маҳз аз ҷониби мутахассисони ин ширкат лоиҳаи бунёди обанборҳо дар минтақаи Исфанасойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Далаёни ноҳияи Ғончӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, айни ҳол корҳои омӯзишӣ идома доранд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар минтақаҳои мутазаккира норасоии оби полезӣ дар мавсими кишту кор эҳсос мешавад. Масалан заминҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов аз оби сойи Хоҷабоқирғон обёрӣ мешавад ва ин об барои обёрии комили заминҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Ҷаббор Расулов басанда нест. Дар мавсими кишт кишоварзон обро бо навбат истифода мекунанд ва табиист, ки сохтмони обанбор танқисии оби полезиро аз байн мебарад ва сабаби фаровонҳосилӣ мегардад.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз ин иқдом изҳори хушнудӣ намуда,  таъкид намуд, ки сохтмони обанборҳо дар ин минтақаҳо имкон медиҳанд, ки  заминҳои зиёде обёрӣ гарданд. Зикр гардид, ки дар вилояти Суғд ду сол инҷониб ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ идома дошта, дар ин раванд хоҷагиҳои зиёди оилавию инфиродӣ таъсис дода шуд. Маҳз дар чунин хоҷагиҳои инфиродӣ саҳмдорон бо дили гарм меҳнат намуда, барои таъмини зиндагии худ талош мекунанд.

Бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои тавсеаи ҳамкориҳо бо ширкати мазкур омода аст ва минбаъд низ барои амалисозии чунин лоиҳаҳо дастгирии ҳаматарафаи худро мерасонад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.