Маросими ёдбуди Бахтиёр Худойназаров дар «Тоҷикфилм» (аксҳо ва видео)

Дар киностудияи «Тоҷикфилм» ба хотири коргардони кино Бахтиёр Худойназаров, ки рӯзи 21 апрел дар Олмон дар синни 49-солагӣ аз олам даргузашт, бо иштироки дӯстону ҳамкорон ва ҳаводорони ӯ маросими ёдбуд доир гардид. Дӯстону ҳамкорони ӯ, ки тӯли солҳои зиёд ҳамроҳи ӯ кор кардаанд, дар бораи ҳаёту эҷодиёт ва саҳми ӯ дар рушди кинои Тоҷикистону Русия […]

Зеваршо Маҳмадов, Алишер Примқулов, махсус барои «Азия-Плюс»



Дар киностудияи «Тоҷикфилм» ба хотири коргардони кино Бахтиёр Худойназаров, ки рӯзи 21 апрел дар Олмон дар синни 49-солагӣ аз олам даргузашт, бо иштироки дӯстону ҳамкорон ва ҳаводорони ӯ маросими ёдбуд доир гардид.






Дӯстону ҳамкорони ӯ, ки тӯли солҳои зиёд ҳамроҳи ӯ кор кардаанд, дар бораи ҳаёту эҷодиёт ва саҳми ӯ дар рушди кинои Тоҷикистону Русия ҳикоят карданд.

Ба гуфтаи коршиносон, Бахтиёр Худойназаров як ҳалқаи пайвасткунанда миёни мактаби кинои шӯравӣ ва муосир дар Тоҷикистон буд.

Аксари коргардонҳои ҷавон худро шогирди Бахтиёр Худойназаров шумурда, филмҳои ӯ барои онҳо ҳунари баланди санъати кино аст.

Ҳозирин аз ҳунари баланди Бахтиёр Худойназаров бо кафкӯбиҳо истиқбол менамуданд. Ӯ ҳамеша мустақилона роҳи ҳаёти худро интихоб намуда, нотакрор буд.

Моҳи окябри соли 2014 табибон дар ӯ бемории саратони ҷигарро ошкор карданд. Ба гуфтаи пайвандони коргардон, бо хоҳиши худаш ӯ дар яке аз оромгоҳҳои шаҳри Берлин ба хок супурда мешавад, ки тайи солҳои ахир он ҷо иқомат дошт.


Бахтиёр Худойназаров

29 майи соли 1965 дар Душанбе зода шудааст. Дар радиову телевизион ба ҳайси журналист ва дар киностудияи «Тоҷикфилм» ба сифати ёвари коргардон фаъолият намудааст.

Соли 1989 бахши коргардонии Донишкадаи давлатии умумииттифоқи кинематография, гурӯҳи ҳунарии Игор Таланкинро хатм кардааст.

Филми нахустини ҳунарии ӯ бо номи «Братан» (Бародар) соли 1991 дар жанри Road-Movie дар биёбони Осиёи Миёна наворбардорӣ шуда, дар ҷашновараҳои байнулмилалӣ ба як қатор ҷоизаҳо сазовор дониста шуд.

Филми дуюми коргардон «Қош-ба-қош» (соли 1993), ки замони даргирҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон наворбардорӣ шуд, дар ҷашнвораи кинои Венетсия ба дарёфти ҷоизаи «Серебрянный лев» (Шери нуқрагӣ) шарафёб гардид.

Филмҳои аз ҷониби Бахтиёр Худойназаров наворбардоришудаи «Лунный папа» (Падари моҳтобӣ) бо ҳунарнамоии актёрон Чулпан Хаматова ва Морится Блябтрой дар соли 1999 низ аз ҷумлаи корҳои арзандаи ӯ ба шумор рафта, драмаи экологии «В ожидании моря» (Дар интизории баҳр) ба ифтитоҳи Ҷашнвораи VII кинои Рим дар соли 2012 ҳусни оғоз бахшид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.

“Арванд” беҳтарин бонк дар пешниҳоди хидматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф шуд

Бонк дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор” сазовори ҷои аввал дониста шуд.

Диди нав ба мавзӯи куҳан. Китоби нави “Бозиҳои қисмат”-и Холиқназар Ҷумъазода аз чиҳо қисса мекунад?

Бар хилофи навиштаҳои қаблии ҳаҷвияш, ин китоб бо муҳтавои ҷиддӣ ва моҷароӣ омода шудааст.

Дар Осиёи Марказӣ дар куҷо гӯшт аз ҳама гаронтару дар куҷо арзонтар аст?

Дар Тоҷикистон нархи 1 кг гӯшт ба ҳисоби миёна 10-11 долларро ташкил медиҳад.

Ифшои ҷиноят баъди 26 сол. Пулиси Душанбе аз боздошти се тан бо гумони дуздии як кирокаш хабар дод

Гумонбарон кирокашро гаравгон гирифта, барои раҳоияш 4 ҳазор доллар талаб кардаанд.

Дастрасӣ ба иттилоъ ва амнияти рӯзноманигорон. Дар конфронси Рӯзи озодии матбуот дар Душанбе чиҳо баррасӣ мешаванд?

Яке аз бахшҳои дигари конфронс ба таъсири ҳушвора (AI) ба журналистика бахшида шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 80

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Такрори пирӯзии соли пеш: Се медали тиллои ҷудокорони тоҷик дар Grand Slam-и Душанбе

Дар мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе мунтахаби Тоҷикистон ба дастоварди ноил шуд.