ВКХ ҶТ: “Тоҷикистон қодир аст, ки аз амнияти худ ҳимоят кунад”

Тоҷикистон қодир аст, ки аз амнияти худ ҳимоят кунад, вале ба хотири таъмини рушди босубот ва амнияти дарозмуддат дар минтақаи Осиёи Марказӣ, наметавонад нисбат ба ташаккули вазъи ҳарбию сиёсӣ дар манотиқи шимолии Афғонистон бетафовут бошад. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пурсиши Хабаргузории “Азия-Плюс” пиромуни даргириҳои шадид миёни нерӯҳои низомии афғон ва ҷангиёни Толибон дар […]

Шавкатшоҳи Асланшоҳ, Зеваршоҳи Муҳаммад



Тоҷикистон қодир аст, ки аз амнияти худ ҳимоят кунад, вале ба хотири таъмини рушди босубот ва амнияти дарозмуддат дар минтақаи Осиёи Марказӣ, наметавонад нисбат ба ташаккули вазъи ҳарбию сиёсӣ дар манотиқи шимолии Афғонистон бетафовут бошад.



Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон



ба пурсиши Хабаргузории “Азия-Плюс” пиромуни даргириҳои шадид миёни нерӯҳои низомии афғон ва ҷангиёни Толибон дар вилояти Қундузи Афғонистон, ки тайи чанд рӯзи ахир дар наздикии марзи Тоҷикистон ҷараён дошт, рӯзи 29-уми апрел посухи хаттӣ фиристод.


Дар номае, ки аз ВКХ ҶТ ба дасти мо расид, омадааст: “Қундуз аз аҳамияти бузурги стратегӣ барои таъмини амнияти босуботи Афғонистон ва тамоми минтақа бархӯрдор аст. Ин минтақаро метавон дарвозаи амнияти шимоли Афғонистон ва садди амнияти ҷанубии кишварҳои Муштарак-ул-манофеъ номид. Назари бархе аз коршиносони худи Афғонистон бар ин аст, ки набарди ҷорӣ дар Қундуз бисёр таъйинкунанда ва сарнавиштсоз аст, зеро ба бовари онҳо, Қундуз садди амниятии шимоли Афғонистон аст ва агар ин садд шикаста шавад, амнияти Афғонистон бештар аз пеш осебпазир ва шикананда хоҳад шуд. Ба назар мерасад, ки террористон низ ба хубӣ аҳамияти ин минтақаро дарк кардаанд ва бо тамоми тавони худ талош мекунанд, ки бо ғалаба бар нерӯҳои амниятӣ дар ҷабҳаи Қундуз як пирӯзии стратегиро ба даст оваранд ва дар ниҳоят нуфузу фаъолияти худро ба бахшҳои васеъе аз минтақаҳои шимолии кишвар густариш диҳанд. Ҳам аз нигоҳи амниятӣ ва ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ вилояти Қундуз барои на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои дигари минтақа аҳамияти вежа дорад. Субот дар ин минтақа омили муҳими рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ аст ва бештари лоиҳаҳои зерсохторӣ, ки татбиқи онҳо на танҳо ба раванди барқарорсозии ҳаёти иқтисодию иҷтимоии Афғонистон такони ҷиддӣ мебахшанд, балки дар тақвияти ҳамгироӣ ва амнияти минтақавӣ таъсири матлуб мегузоранд, бо назардошти мавқеи муосиди ҷуғрофии ин вилоят мавриди таваҷҷуҳи сармоягузорон ва шарикони муҳимми иқтисодии Тоҷикистон ва Афғонистон қарор гирифтаанд”…


Тавре ба Хабаргузории “Азия-Плюс”

як корманди мақомоти қудратии Тоҷикистон



бидуни зикри номаш гуфт, нерӯҳои иловагии марзбонӣ, амниятӣ, умури дохилӣ ва агентии назорати маводи нашъаовар аз шаҳри Душанбе ба навоҳии Панҷ ва Қумсангири вилояти Хатлон, ки ҳаммарз бо минтақаи даргири Афғонистон ҳастанд, барои тақвияти сарҳадоти Тоҷикистон ва таъмини бехатарию субот мунтақил шуданд.


Дар ҳамин ҳол

як сокини ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон



зимни суҳбат бо Хабаргузории “Азия-Плюс” гуфт, ки нимаи аввали рӯзи 28-уми апрел бошандагони ин мавзеъи маскунӣ шоҳиди парвози чархболҳои низомии Тоҷикистон ба самти Панҷи поён ва манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон шудаанд. Ба гуфтаи ин сокини маҳаллӣ, тадбирҳои амниятӣ дар маркази маъмурии ноҳия – шаҳраки Дӯстӣ тақвият ёфтааст, кормандони мақомоти қудратӣ воситаҳои нақлиётӣ ва ронандагону мусофиронро мавриди тафтиш қарор медиҳанд.


Ҳамзамон

Суҳроб Қурайшӣ, раиси ниҳоди омӯзишии “Навин” дар вилояти Қундузи Афғонистон


,

ки рӯзи сешанбеи 28-уми апрел вориди Тоҷикистон шуд, дар як тамоси телефонӣ ба Хабаргузории “Азия-Плюс” вазъият дар Қундуз ва сафараш ба Душанберо чунин шарҳ дод:


– Вақте ки корвони аввалияи мо ба тарафи Шерхон Бандар ҳаракат кард, дар роҳ мо ба мушкиле бархӯрдем, ки он ҷо миёни нерӯҳои амниятии Қундуз ва мухолифин набард ҷараён дошт. Ба мо иҷозаи вуруд ба сарҳад надоданд. Мо пас дубора баргаштем. Ду соат баъд мо боз ҳаракат кардем, чун қарор буд, ки имрӯз вориди Душанбе шавем. Баъдан вақте омадем ҷанг таваққуф шуда буд ва аз сарҳад убур кардем. Осору алоими ҷанг дар Қундуз дида мешуд. Дар он ҷо мушакҳои мармӣ буд.



– Даргириҳо бештар дар кадом минтақаҳо ҷараён доштанд?


– Дар соҳоти Гӯртеппа, Чордара, Алиобод ва Имом Соҳиб ҷанг башиддат ҷараён дошт. Ҳадафи сиёсие, ки ҷангиён дунбол мекунанд, мехоҳанд, ки вилояти шимолиро ноамн бисозанд. Чун Қундуз як вилояти калидии Афғонистон аст, сарҳад дорад бо Тоҷикистону дигар вилоёт, аз ин хотир ҳадафашон ноамнсозӣ аст.



– Оё огаҳ ҳастед, ки табаъаи кадом кишварҳо ба гурӯҳҳои ҷангҷӯ шомиланд?


– Бино ба манобее, ки мо хусусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва аз телевизионҳо мешунавему мебинем, атбои чеченӣ, узбакистонӣ ва бештарашон низ аз Толибон ҳастанд.



– Оё мақомоти афғон чӣ тасмимотеро мехоҳанд дар муқобили ҷангиён бигиранд?


– Феълан, тавре ки мо иттилоъ дорем, дар худи вилояти Қундуз бештар аз садҳо нерӯи тозанафас ворид шуда ва чархболҳову тайёраҳои ҷангӣ ҳастанд. Имрӯз ҳам набарди шадид идома дошт. Ва он дилпурие, ки ба мардум доданд, хусусан, сухангӯйи Вазорати дохилии Афғонистон, иншоаллоҳ, Қундуз амн ва аз вуҷуди мухолифин поксозӣ мешавад.



– Оё ҳангоми убури марз дар ҳудуди Тоҷикистон таҷаммӯъи нерӯ мушоҳида мешуд?


– Бале, вақте ки мо меомадем ба тарафи Тоҷикистон, он ҷо тонкҳо ва ренҷерҳои пулис, худи нерӯҳои пулиси маҳаллӣ ва дигар нерӯҳои амниятӣ ҳузури физикишон эҳсос ва дида мешуд.


Ёдовар мешавем, ки даргириҳои шадид миёни ҷангиён ва нерӯҳои амниятӣ дар вилояти Қундузи Афғонистон 24-уми апрел шурӯъ шуданд. Бар асоси иттилооти расонаҳои Афғонистон, дар ин даргириҳо беш аз 150 ҷангии “Толибон” кушта шудаанд.


Мақомоти Афғонистон сабаби фаъолшавии ҷангиён дар манотиқи шимолии ин кишварро ба фаъолияти гурӯҳҳои мухталифи хориҷӣ марбут медонанд. Бино ба гузоришҳои ахир, даргириҳо миёни ҷангиён ва низомиёни афғон ҳамзамон дар чанде аз вулусволиҳои вилояти Қундуз, аз ҷумла, мавзеи Имом Соҳиб (дар 5-10 километрии наздики сарҳади Тоҷикистон) ҷараён доштанд. Вазъи кунунӣ боиси нигаронии ҳукумати марказии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шудааст. Шабакаи телевизионии “Тулӯъ” гузориш медиҳад, ки дар вилоёти Форёб, Сари пул ва Бадахшон, ҳамчунин бархе аз навоҳии Таҳор, Вардак ва Ҷузҷон низ ҳузури қобили таваҷҷуҳи ҷангиён ба мушоҳида мерасад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.