Кумакпулии шаҳрдории Душанбе ба собиқадорони ҷанг

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи ҷудо кардани кумаки якдафъаинаи пулӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузури Ватанӣ (ҶБВ) ба муносибати 70-умин солгарди Ғалаба қарор ба имзо расонид. Тавре дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ медиҳад, барои кумаки якдафъаинаи молӣ ба иштирокчиёну маъюбон ва собиқадорони ҷанги маскуни пойтахт 716 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо […]

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи ҷудо кардани кумаки якдафъаинаи пулӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузури Ватанӣ (ҶБВ) ба муносибати 70-умин солгарди Ғалаба қарор ба имзо расонид.

Тавре дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ медиҳад, барои кумаки якдафъаинаи молӣ ба иштирокчиёну маъюбон ва собиқадорони ҷанги маскуни пойтахт 716 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва ҳамсарони ҷанговарони дар он ҳалокгардидаба ҳар кадоме ба андозаи 1000 (ҳазор) сомонӣ, ба муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ солҳои ҶБВ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар акибгоҳ, дар давраи  ҶБВ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадоме ба андозаи  700 (ҳафтсад) сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Дар қарори раиси пойтахт ба муовини якум ва муовинони раиси шаҳри Душанбе дастур дода мешавад, ки маблағҳои ҷудогардидаро ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ дар шаҳри Душанбе зимни аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматиашон, ботантана аз номи мақомоти шаҳрдории Душанбе на дертар аз 7 майи соли ҷорӣ супоранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.