Фавти 39 нафар собиқадорони ҷанги Тоҷикистон ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз иди 70-солагии Ғалаба

Имрӯз дар Тоҷикистон 810 нафр собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ)-и солҳои 1941-1945 боқӣ мондаанд. Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳи ҷумҳурӣ  Раҳматулло Қудратов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аввали соли равон дар Тоҷикистон 926 нафар собиқадорони ҶБВ иқомат доштанд ва ду ҳафт пеш, вақте ки рӯйхати собиқадорон барои мукофтпуливу кумакҳо […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз дар Тоҷикистон 810 нафр собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ)-и солҳои 1941-1945 боқӣ мондаанд.

Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳи ҷумҳурӣ  Раҳматулло Қудратов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аввали соли равон дар Тоҷикистон 926 нафар собиқадорони ҶБВ иқомат доштанд ва ду ҳафт пеш, вақте ки рӯйхати собиқадорон барои мукофтпуливу кумакҳо ба дастгоҳи иҷроия президент пешниҳод шуд, шумори онҳо то 849 нафар кам шуд.

«Айни замон шумори дақиқи собиқадорони ҷанги маскуни Тоҷикистон 810 нафарро ташкил медиҳад, яъне муддати 14 рӯзи ахир боз 39 нафар собиқадорони ҷанг фавтиданд, ки баҳри ҳаёти осоишта бо фашизм набард кардаанд», – иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Р.Қудратов изҳор намуд, ки феълан дар Тоҷикистон тақрибан 2518 нафар коргарони ақибгоҳи ҶБВ ва 16 нафар шаҳрвандон аз «оилаҳои дар ҶБВ ҳалокшуда» иқомат доранд.

Ӯ хотиррасон намуд, ки солҳои ҶБВ беш аз 270 ҳазор нафар тоҷикистониён ба ҳимояи ватан сафарбар шуда, зиёда аз 100 ҳазор нафарашон аз майдони набард барнагаштанд. Барои Тоҷикистон, ки тибқи барӯйхатгирии аҳолии соли 1939 аҳолиаш якуним миллион нафарро ташкил медод, ин талафоти бузург маҳсуб меёфт. 54 нафар иштирокчиёни ҶБВ аз Тоҷикистон ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор дониста шуданд.

Қобили зикр аст, ки ҳукумати Русия се нафар собиқадорони ҶБВ аз Тоҷикистонро ба Маскав барои иштирок дар гузашти низомии идонаи рӯзи 9 май бахшида ба 70-умин согарди Ғалаба дар ҶБВ 


даъват кард.


 Боз ҳафт нафар собиқадорони ҷанг аз Тоҷикистонро ҳукумати Русия барои иштирок дар Базм (бал)-и ғолибон, ки рӯзи 9 май низ дар шаҳри Маскав доир мегардад, даъват намудааст.

«Мо, собиқадорони ҶБВ ба президенти мамлакат, ҳукумат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, шаҳрвандон ва ҷавонон барои ғамхории доимиашон ба мо миннатдорӣ изҳор мекунем ва ҳамчунин ба гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» низ самимона арзи сипос дорем, ки бо нашри силсилаи мавод дар бораи ҳаёти дӯстони ҷангии мо хотираи неки онҳоро пос медоранд», – афзуд Қудратов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.