Имрӯз дар арафаи таҷлили 70-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар майдони маҷмааи таърихии «2700-солагии шаҳри Кӯлоб» Оксфам ҷоизаҳоро ба ғолибони Озмуни телевизионии «Пешгирӣ ва рафъиҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ» тақдим менамояд.
Дар чорабинии мазкур ташкилот ва муассисаҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, мактаббачагон ва инчунин сокинон ва меҳмонони шаҳри Кӯлоб ҳузур хоҳанд дошт.
«Рӯзи Ғалаба ҷашни байналмилалӣ ва маъракаи пуршукӯҳи кишвар мебошад ва тақдими мукофоту ҷоизаҳо дар ҳузури шумораи зиёди ҳозирин фарҳанги омодагӣ ба офатҳои табииро то андозае таҳким мебахшад. Ғайр аз ин, тағйирот дар амалия ва таҷриба, ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории самаранок боиси коҳиши назарраси хатар аз офатҳои табиӣ хоҳад гардид», – гуфт директори минтақавии Оксфам дар Тоҷикистон Боян Колундзия.
Мактаббачагон аз 10 мактаби минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз санаи 16-ум то 20-уми апрел дар озмуни телевизионӣ ширкат варзида, маҳорати хешро дар толори мактаби миёнаи рақами 4-и шаҳри Кӯлоб нишон доданд. Барномаи озмуни телевизионӣ аз саломнома, мушоираи бадеӣ оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, саҳнача дар иҷрои толибилмон, ки характери омӯзишии риояи қоидаҳои бехатарӣ аз ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дошт ва инчунин саволу ҷавоб иборат буд.
«Мақсад аз баргузор намудани озмуни телевизионӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ омода намудани онҳо ҳангоми дучор шудан ба ҳолатҳои фавқулодда, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва ҳамчунон пешгирии фоҷеаҳои инсонӣ ҳангоми таҳдиду хатари офатҳои табиӣ аст», – гуфт сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Хатлон Асомиддин Сафаров.
Озмун дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Хатлон ташкил гардид.






