Коршинос: Собиқ раҳбарияти БМТ қурбони мубориза барои тақсими нуфуз шуд

– Собиқ раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) қурбони мубориза барои тақсими нуфуз миёни гурӯҳҳои муайян дар сохторҳои ҳукумат шуд, – чунин мешуморад як иқтисодчии маъруфи тоҷик, ки табиист бо сабабҳои фаҳмо нахост ному насабаш ифшо шавад. «Бисёре аз мансабдорони мо беҳад мағруранд ва онҳо шартан ба гурӯҳҳои алоҳида тақсим шудаанд. Тағйири раҳбарияти Бонки миллӣ боз […]

ASIA-Plus



– Собиқ раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) қурбони мубориза барои тақсими нуфуз миёни гурӯҳҳои муайян дар сохторҳои ҳукумат шуд, – чунин мешуморад як иқтисодчии маъруфи тоҷик, ки табиист бо сабабҳои фаҳмо нахост ному насабаш ифшо шавад.

«Бисёре аз мансабдорони мо беҳад мағруранд ва онҳо шартан ба гурӯҳҳои алоҳида тақсим шудаанд. Тағйири раҳбарияти Бонки миллӣ боз як натиҷаи тақсими нуфуз миёни ин гурӯҳҳо аст», – гуфт коршинос дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс».

Ба андешаи ӯ, бо истифода аз вазъ дар бозори асъори кишвар, гурӯҳҳои муайян ба ҷуз раҳбарияти БМТ, дигар каси гунаҳкорро наёфтанд. «Албатта, таассуфовар аст, ки онҳо иштибоҳи системавӣ (низомӣ) будани инро дарк намекунанд. Бонки миллӣ ба ҳамаи масоли марбут ба асъор посух гуфта наметавонад. Бисёр касон сабабҳои аслии ба вуҷуд омадани чунин вазъ дар бозори асъорро дарк кардан намехоҳанд ва касоне, ки аз он огаҳанд, ба то президент расонидани вазъи воқеъӣ манфиатдор нестанд», – қайд кард иқтисодчӣ.

Коршинос мутмаин аст, ки бо иваз шудани раҳбарияти Бонки миллӣ мушкилот дар бозори асъори кишвар тағйир намеёбад ва «миёни раҳбарияти нави БМТ мо нобиғаеро намебинем, ки моро наҷот диҳад».

Ӯ бар ин назар аст, ки акнун ба Бонки миллӣ амалан роҳбари пасипардагӣ сарварӣ хоҳад кард, ки дар кори бахши бонкии кишвар аз таҷрибаи зиёд бархӯрдор аст ва муддати тӯлонӣ дар ҳукумат фаъолият карда, айни замон роҳбари яке аз бонкҳои тиҷоратии кишвар аст. «То ҷое, ки ман огаҳӣ дорам, ҳамаи бонкирҳои ҷумҳурӣ бо дастгирии ӯ тарбияву ба камол расиданд», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4 май Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тамоми раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистонро

аз мансаб сабукдӯш кард.

Раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов, муовини аввал Ҷамшед Юсуфиён ва ду муовини дигари ӯ низ аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.

Собиқ роҳбари БДА ҶТ «Амонатбонк»

Ҷамшед Нурмаҳмадзода

раиси нави Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) таъин карда шуд. Собиқ муовини аввали вазири молияи ҶТ Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали раиси БМТ таъин шуд. Ду муовини дигари раиси БМТ то ҳанӯз таъин нашудаанд.

Дар ҳамин ҳол, тақдири минбаъдаи собиқ раҳбарияти БМТ низ то ҳол маълум нест, ҳарчанд дар фармони аз мансаб сабукдӯш шудани А.Ширинов «бо сабаби ба кори дигар гузаштан» зикр ёфта буд. Дар фармони сабукдӯшии муовинонаш бошад, сабаби аз кор озод шуданашон зикр нагардида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.