Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ фарзияи нави ҳодисаи «оташзанӣ» дар бинои мактаби рақами 44-и деҳаи Боғистони ноҳияи Рашт ва мактубҳои дастнависи беизо бо навиштаҷоти таҳдидҳо ба омӯзгорони ин мактабро интишор намуданд.
Дар изҳороти интишорнамудаи маркази матбуоти ВКД ва маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки «дар ҷараёни роҳандозии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ муайян намуданд, ки 2 нафар ноболиғ хонандагони мактаби миёнаи №44 Фарзонаи Туйчӣ соли таваллудаш 1998 ва Паймонаи Туйчӣ соли таваллудаш 2001, аз хусумати доштаашон ба роҳбари мактаби мазкур Раҳимов Хайрулло Тошхуҷаевич ва омӯзгорони ҳамин мактаб: Нуралиев Аҳмадҷон, Бобиев Икромалӣ ва Шодиева Зебистон, ба ин амал даст задаанд».
Гуфта мешавад, мутобиқи нишондоди худи ноболиғон, хусумати доштаи онҳо аз он сабаб аст, ки моҳи феврали соли равон омӯзгор Нуралиев А. онҳоро ба бозии волейбол роҳ надодааст ва инчунин эродҳои ҷиддӣ гирифтани роҳбари мактаб Раҳимов Х.Т., дар ҷамъомадҳои мактабӣ барои дер омаданашон нисбати падари ноболиғон – Шукуров Туйчӣ, ки ба ҳайси посбон ва модарашон Сангинова Назофат, ки ба ҳайси омӯзгор дар ҳамин мактаб кору фаъолият доранд, мебошад.
«Бинобар ин, ноболиғон Паймонаи Туйчӣ бо маслиҳати апааш Фарзонаи Туйчӣ барои тарсонидани омӯзгорони мактаби зикргардида хатчаҳои таҳқиромез нисбати омӯзгорони ҳамин мактаб навишта, ба синфхонаҳо мепартоянд», – баён мегардад дар изҳорот.
Зимнан зикр мегардад, ки муайян карда шудааст, ки воқеаи дар мактаби миёнаи №44 деҳаи Боғистони ҷамоати Б.Раҳимзодаи ноҳияи Рашт рухдода ягон хел хусусияти сиёсӣ, динӣ-мазҳабӣ, ё ифротгароӣ надошта, танҳо дар натиҷаи хусумати шахсиву оилавии ду ноболиғ содир карда шудааст.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки айни замон аз рӯйи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи апрели соли равон низ Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон
бо интишори як изҳороти муштарак
ҳодисаи рухдода дар мактаби №44-и деҳаи Боғистони ноҳияи Раштро шарҳу тавзеҳ дода буданд.






