Эътирофи Тоҷикистон ҳамчун кишвари бештар номусоиди ИДМ барои модар шудан

Созмони байнулмилалии ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакон Save the Children раддабандии ҳамасолаи кишварҳои бештар мусоид барои модар шудан ( Mother’s Index-2015 )- ро интишор кард. Раддабандӣ (рейтинг) бо назардошти омилҳое чун маргу мири модарону кӯдакон дар кишвар (бо шумули тифлони навзод, фосилаҳои миёни таваллуди кӯдакон, сифати кумакҳо ҳангоми таваллуд ва вазъи солимии занон ба сурати умум) […]

ASIA-Plus



Созмони байнулмилалии ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакон


Save the Children


раддабандии ҳамасолаи кишварҳои бештар мусоид барои модар шудан (


Mother’s Index-2015


)- ро интишор кард.

Раддабандӣ (рейтинг) бо назардошти омилҳое чун маргу мири модарону кӯдакон дар кишвар (бо шумули тифлони навзод, фосилаҳои миёни таваллуди кӯдакон, сифати кумакҳо ҳангоми таваллуд ва вазъи солимии занон ба сурати умум) ва ҳамчунин ҷанбахои иҷтимоӣ – дастрасӣ ба маълумот, ҷалби занон ба ҳаёти сиёсӣ ва ғайра таҳия мегардад.

Дар рейтини имсола миёни 178 кишвари дунё Тоҷикистон дар мақоми 127-ум қарор дорад. Дар

рейтинги соли гузашта

Тоҷикистон миёни ҳамин миқдор кишварҳои ҷаҳон зинаи 134-умро касб карда буд.

Дар ҳамин ҳол, миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар рейтинги мазкур Тоҷикистон зинаи охиринро ишғол мекунад. Миёни кишварҳои узви ИДМ муаллифони рейтинг Беларус (зинаи 25-ум)-ро кишвари бештар мусоид барои модар шудан эътироф намудаанд.

Миёни кишварҳои ИДМ баъди Беларус дар мақоми 56 – Русия, 58 – Қазоқистон, 69 – Украина, 81 – Молдова, 90 – Озарбойҷон, 95 – Туркманистон, 103 – Арманистон, 107 – Қирғизистон ва зинаи 118-ум – Ӯзбекистон ҷойгир шудаанд.

Кишвари пешсаф дар рейтинг Норвегия буда, Финландия ва Исландия мутаносибан ҷойҳои дуюм ва сеюмро касб кардаанд.

Се зинаи охири рейтингро Мали – зинаи 176, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ – 177-ум ва Конго – зинаи 178-ум ишғол кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.