Путин 2 корманди барои хиёнат ба ватан маҳкумшудаи «Востокредмет»-ро афв кард

Президенти Русия Владимир Путин дар бораи афви кормандони корхонаи коркарди урани «Востокредемет»-и Тоҷикистон Александр Бабошин ва Александр Ботов, ки ба иттиҳоми хиёнат ба ватан ҳар кадоме ба 22 соли зиндон маҳкум шуда буданд, фармон ба имзо расонид. Асноди дахлдор дар ин хусус дар портали иттилооти ҳуқуқии Русия интишор шудааст. Фармонҳо баъди 10 рӯз мавриди амал […]

ASIA-Plus



Президенти Русия Владимир Путин дар бораи афви кормандони корхонаи коркарди урани «Востокредемет»-и Тоҷикистон Александр Бабошин ва Александр Ботов, ки ба иттиҳоми хиёнат ба ватан ҳар кадоме ба 22 соли зиндон маҳкум шуда буданд, фармон ба имзо расонид. Асноди дахлдор дар ин хусус дар

портали

иттилооти ҳуқуқии Русия интишор шудааст. Фармонҳо баъди 10 рӯз мавриди амал қарор мегиранд.


ТАСС

хотирррасон мекунад, ки 21 октябри соли 2009 дар Тоҷикистон 5 нафар кормандони масъули корхонаи давлатии таъиноти мудофиавии «Востокредмет», аз ҷумла 2 тан аз онҳо ба иттиҳоми хиёнат ба давлат ва 1 нафар ба ҷурми ҷосусӣ ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум карда шуданд.

Собиқ директори генералии корхона Шавкат Бобоев ва собиқ роҳбари хадамоти амният Матин Зиёев ба иттиҳоми суистифода аз мансаб ҳар кадоме ба 10 соли зиндон, собиқ сармуҳандиси корхона Александр Ботов ва сардори Раёсати сохтмони асосии «Востокредмит» Александр Бобошин ба ҷурми хиёнат ба давлат ҳар кадоме ба муҳлати 22 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.

Ҳамкори онҳо Виссарион Тен, ки аз мансабаш ном бурда намешавад, барои ҷосусӣ ба «нафъи кишвари сеюм» ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳамчунин маълум аст, ки ҳамаи маҳкумшудагон баҳори соли 2009 аз ҷониби хадамоти махсуси Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шуда буданд.

«Востокредмет» соли 1945 аз ҷониби Вазорати саноати атомии Иттиҳоди Шӯравӣ барои истихроҷ ва коркарди ашёи хоми дорои уран дар таркибаш дар Тоҷикистон таъсис дода шуд. Иншооти стратегии мазкур аз шабакаи конҳо, корхонаи мошинсозӣ, озмоишгоҳҳои бузурги таҳқиқотӣ ва маркази илмиву истеҳсолии техникаи электронӣ ва автоматика иборат буд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти корхона бамаротиб заъиф шуда, вале солҳои ахир як қатор кишварҳо ба «Востокредмет» таваҷҷуҳ зоҳир месозанд.


Радиои «Озодӣ»

хотиррасон мекунад, ки ин панҷ нафар дар моҳи июни соли 2009 аз ҷониби кормандони мақомоти амниятии вилояти Суғд боздошт шуда, муҳокимаи онҳо охири октябри ҳамон сол ба далели пинҳон доштани маълумоти дорои сирри давлатӣ дар паси дарҳои баста анҷом ёфт.

Гуфта мешавад, Бабошин ва Ботов, ки акнун аз тарафи президенти Русия авф шудаанд, соҳиби душаҳрвандӣ буда, баъд аз чанд муддат аз Тоҷикистон ба маҳбасҳои Русия истирдод шуда буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.