Дар ҷараёни барузории чорабиниҳои махсус кормандони мақомоти милисаи шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 22-солаи пойтахтро боздошт намуданд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «Опел-Астра»-и мутааллиқ ба боздоштшуда, аз дохили он ҳудуди 4 кило маводи нашъаовари сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира шудааст.
Гуфта мешавад, аз рӯйи ин далел парвандлаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.



