9 ноҳияи Бадахшони Афғонистон дар дасти террористон аст

Date:



Фаъолони музофоти Бадахшони Афғонистон ҳукуматдорони кишварро огоҳ карданд, ки агар қаламрави музофоти Бадахшонро аз террористон пок насозанд, пас ҳамаро талаф хоҳанд дод.

Бино ба иттилои агентии «

Ҷ


умхур


», фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии музофоти бадахшон ҳукукмати марказиро дар нодида гирифтани масъалаи таъмини амнияти дар ин музофот айбдор намуда, изҳор мекунанд, ки имрӯз аллакай 9 ноҳияи музофоти Бадахшон дар дасти террористон аст.

Зимни нишасти хабарӣ дар Кобул онҳо қайд кардаанд, ки агар аз ҷониби ҳукумат дар ин самт чораҳои таъҷиливу муассир андешида нашавад, ноҳияи боқимонда низ таҳти тасрруфи террористон қарор мегиранд. Онҳо гуфтаанд, «санад ва баёноти шоҳидон гувоҳи онанад, ки фишор болои гурӯҳҳои террористӣ дар Бадахшон на он қаддр шадиду муасссир будааст».

Ба андешаи онҳо, маҳз бепарвоии ҳукумат ба он оварда расонидааст, ки имрӯз Бадахшони Афғонистон ба як маркази таҷаммӯъи террористони хориҷӣ ва ифротгароён мубаддал гаштааст.

Агентии

Shafaqna

дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки фаъолони ҷомеа ҳамчунин хабар додаанд, ки айни замон 36 нафар хориҷиён – тоҷикону ӯзбекон, чеченҳову қазоқҳо ва панҷобиҳо ба ноҳияи Ҷурми музофоти Бадахшон гузашта дар ҳамлаҳои терроистӣ дар ин музофот иштирок мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дар музофоти Бадахшони Афғонистон беш аз 1 млн. нафар аҳолӣ иқомат дошта, ин музофот бо Тоҷикистону Чин ва Покистон ҳаммарз аст.

Ёдрас мекунем, ки имрӯзҳо дар минтақаи наздимарзии Афғонистон миёни ҳукумати расмӣ ва гурӯҳҳои тундрав, ки минтақаро ишғол карданианд, набардҳои шадиди мусаллаҳона ҷараён доранд. Дар ин робита Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо дигар сохторҳои қудратии кишвар дар марз бо Афғонистон 

хатти дуюми мудофиаро 

ташкил намуданд.

Дар ҳамин ҳол, дар робита ба ноамн будани вазъ дар минтақаҳои наздимарзии кишвари ҳамсояи Афғонистон,

додани иҷозатномаҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ

барои боздид аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон қатъ шуд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, дар доираи

 санҷиши ногаҳонии эълоншуда

 аз ҷониби Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки мутобиқи он ҷузъу том ва воҳидҳои низомӣ аз ҳайати Нерӯҳои зудамали Созмон рӯзи 12 май ба ҳолати омодабоши ҷангӣ оварда шуданд, ҷараёни интиқоли ҳайати шахсӣ ва техника ба минтақаи омодабоши ҷангӣ, ба қаламрави Тоҷикистон

дар арафаи анҷомёбист.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...