Боздошти фармондеҳи ОМОН-и Тоҷикистон дар Туркия

Фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ДТММ) ё ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Дар ин бора хабаргузории TojNews иттилоъ дода , менависад, ки ин хабарро Душанбеи расмӣ тасдиқ ё рад накардааст. Аммо як манбаъи хабаргузорӣ дар ВКД гуфтааст, полковник Гулмурод Ҳалимов бо шиносномаи қалбакӣ боздошт […]

ASIA-Plus



Фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ДТММ) ё ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Дар ин бора хабаргузории TojNews

иттилоъ дода

, менависад, ки ин хабарро Душанбеи расмӣ тасдиқ ё рад накардааст.

Аммо як манбаъи хабаргузорӣ дар ВКД гуфтааст, полковник Гулмурод Ҳалимов бо шиносномаи қалбакӣ боздошт шуда, бино ба иттилои ғайрирасмӣ, бо ному насаби сохта қасди сафар ба Сурияро доштааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоте, ки хабаргузории «Азия-Плюс» дар ихтиёр дорад, бинобар сабаби мавҷуд набудани маълумот дар бораи макони будубоши фармондеҳи ОМОН, парвандаи ҷиноӣ нисбати ӯ то ҳол боз нашуда буд.

Тавре

қаблан иттилоъ дода будем

, фармондеҳи ДТММ)-и ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов аз аввали моҳи май ба кор намеояд ва макони будубоши ӯ низ ба касе маълум набуд. Хешону наздиконаш низ аз макони будубоши ӯ огаҳӣ надоштанд.

Ба «Азия-Плюс» муяссар гардида буд, ки аз сохторҳои қудратӣ ва наздикону шиносҳои ӯ огаҳӣ пайдо намояд, ки Г.Ҳалимов ахиран тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи фаъолияти Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ), андешаву афкор ва воҳидҳои ҷангии он маълумоти муфасал ҷамъоварӣ намудааст.

«Ӯ ба мутаассиб (фанатик)-и ДИИШ табдил ёфта, миёни наздикону атрофиёнаш ба паҳн кардани андешаву ғояҳои ин созмони террористӣ шурӯъ намуд. Насиҳату тавсияҳои мо оид ба бемаънӣ будани ҳамроҳшавӣ ба ДИИШ-ро бо асабоният рад мекард», – гуфта буд як шиноси ӯ, ки нахост номаш ифшо гардад.

Тибқи маълумоти сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, Г.Ҳалимов як гурӯҳи худ иборат аз 10 нафарро, ки ҳама сокинони Тоҷикистон ва асосан бекорон мебошанд, ҷамъоварӣ намуда, рӯзи 1-уми май тариқи ҳавопаймо ба Маскав раҳипор шудааст ва аллакай рӯзи 2 май ӯро дар фурудгоҳи байнулмилалии «Шереметево»-и Маскав дидаанд.

Ба тахмини манбаъ дар сохторҳои қудратӣ, барои ҷалби ҳар кадоме аз ҷангиён ба полковники тоҷик маблағи зиёди пулӣ ваъда кардаанд.

Қобили зикр аст, ки Гулмурод Ҳалимов ҳудуди се сол пеш фармондеҳи ДТММ ё худ ОМОН-и  ВКД Тоҷикистон таъин гардида, барои хизмати намунавӣ бо ордену медалҳо сарфароз гардонида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.