Истеъфои Ҳафиз Холиқзода ва муовини ӯ



Директори маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии назди Академияи илмҳои Тоҷикистон Ҳафиз Холиқзода (Бобоёров) ва муовини ӯ Шодӣ Атоӣ истеъфо доданд. Холиқзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки барои машғул шудан ба корҳои илмӣ, ду ҳафта қабл чунин тасмим гирифта шудааст.

«Мо ҳамзамон кормандони Пажуҳишгоҳи фалсафа низ мебошем, аз ин рӯ, назди интихоб қарор доштем ва интихоб ба нафъи илм сурат гирифт», – қайд кард Ҳ.Холиқзода.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Маркази таҳти раҳбарии Холиқзода қарордошта Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба созмони террористии Давлати исломии Ироқу Шом ҳамсон дониста буд.

Чанде пештар ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ ва омӯзгори ин муассисаи таълимӣ Холмаҳмади Самеъ бо интишори муроҷиат дар сомонаи расмии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки барои хизматҳои шоёну арзанда назди мардум, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пешвои миллат эълон карда шавад, аммо Маркази зикршуда мухолифи ин пешниҳод садо баланд карда, изҳор дошт, ки ин ба арзишҳои демократӣ созгор нест ва «пешвоён маъмулан дар сохти давлатдории қавмӣ, подшоҳӣ (монархӣ) ва теократӣ (динӣ) амал мекунанд».

«Дар ҷомеаи демократӣ президент мақоми олӣ аст, ки сохти конститутсиониро таъмин намуда, кафили муносибатҳои ҳуқуқӣ аст. Дар давлати демократӣ аз мақоми президент дигар мақоми болотаре нест», – изҳор дошта буданд он замон дар марказ. 

spot_imgspot_img

Популярное