Ахири моҳи июни соли равон дар шаҳри Тошканд ҷаласаи навбатии байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷаласа муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид ва Ӯзбекистонро муовини аввали нахуствазири ин кишвар Рустам Азимов роҳбарӣ мекунанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, имрӯз баррасӣ ва таҳияи рӯзномаи ин ҷаласа идома дорад. «Яке аз масъалаҳои калидие, ки ахири моҳи июн дар ҷараёни ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар Тошканд мавриди баррасӣ қарор мегирад, ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Тошканду Душанбе аст. Имрӯз миёни ҷонибҳо бобати ин масъала ҳеҷ ихтилофи назаре ҷой надорад», – таъкид намуд манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки дар доираи тавофуқоти ҳосилшуда зимни вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе, аввали моҳи январи соли 2015 Тоҷикистон баҳри баланд бардоштан ва беҳбуди муносибатҳои дуҷониба ба Ӯзбекистон як қатор пешниҳодҳо кард.
Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя барқарор кардани хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбеву Тошканд, ки ҳанӯз соли 1992 қатъ гардида буд ва ҳамчунин равуои автобусҳои мусофиркаш байни як қатор шаҳру навоҳии ҳарду кишварро пешниҳод намуд.
Ғайр аз ин, Тоҷикистон ба ҳамтоёни ӯзбеки худ ҳамчунин баррасии масъалаи соддакунии дастрасии раводид барои шаҳрвандони ҳарду кишвар, яъне гирифтани раводид бевосита дар сарҳади давлатҳо ё ба шаҳрвандони ҳарду кишвар иҷозат додани будубош дар қаламрави кишварҳои ҳамдигар бидуни дастрасии раводид ба муддати як моҳро низ ироа дошт.
Дар ҳамин ҳол, маълумоти интишоршудаи чанде аз васоити ахбори умуми Ӯзбекистон оид ба аз ҷониби ҳарду тараф мавриди баррасӣ қарор гирифтани комилан бекор кардани реҷаи раводид миёни кишварҳо тасдиқ нагардид.
Пас аз сафари моҳи сентябри соли гузаштаи президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба Тоҷикистон, дар муносибатҳои Тошканду Душанбе возеҳан гармӣ эҳсос мешавад. Корхонаҳои Ӯзбекистон ба ҷустуҷӯи шарикон дар Тоҷикистон оғоз намуда, чанд рӯз қабл дар Хуҷанд бори нахуст вохӯрии сардорони сарситодҳои нерӯҳои марзбонии кишварҳо баргузор шуд ва ҳамчунин ҳаҷми муомилиоти мол миёни давлатҳо тадриҷан рӯ ба афзоиш мениҳад.



