Иштирокчиёни конфронс: Чаро Шӯрои уламо салафиҳоро танқид намекунад?



Зимни конфронс таҳти унвони «Ифтрогароии салафӣ, масъалаҳои давлатдории дунявӣ ва ҳифзи менталитети миллӣ» Амирбек Бекназаров, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон изҳор намуд, ки равияи Салафия ба суботу амяният дар кишвар хатар эҷод мекунад.

Ӯ қайд кард, ки амалиёти ваҳшиёнаи Давлати исломӣ нишон дода истодааст, ки  бо як ваҳшоният куштори занону кӯдаконро намоишкорона ба роҳ монда, таҷовуз ба номуси занон ва дигар амалҳои ғайриисломиро бо истифодаи истилоҳи муқаддаси ислом «Аллоҳу Акбар» ва «такбир» ифтихори худ медонанд.

«Зоҳиран салафиҳо бо баҳонаи бозгашт ба асри Ислом, тоза кардани он аз бидъатҳо, осон гардидани шариъат пайваста мардуми мусалмонро ба тафриқаангезӣ, хушунату нооромӣ ва ҷангу ҷидол роҳнамоӣ доранд. Дар натиҷаи ин гуна ташвиқоти дурӯғин шумораи шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро дар ҳайати ташкилоти террористии Давлати исломӣ зиёд намуда,  амнияту сулҳ ва суботу оромии ҷомеаро халадор месозанд», – иброз дошт номбурда.

Бекназаров дар идома изҳор дошт: «Хулосаҳо гувоҳи онанд, ки яке аз сабабҳои моил ва шомил гаштани ҷавонон ба равия ва ташкилотҳои экстремистӣ, ин таълими ғайрирасмии динӣ дар ҳудуди маҳалла, масҷид ва хонаҳои истиқоматӣ мебошад, зеро нафароне, ки гӯё ба таълими дин машғуланд, худашон аз асли таълимоти ислом хабар надоранд. Дар баробари ин, бинобар надоштани таълимоти олӣ, донишҳои сиёсӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ, наврасону ҷавононро таҳти таъсири хурофотӣ, ки замина барои шомил шудан ба ҷараёнҳои тундрав мебошанд, қарор медиханд. Баъди гузаштани марҳилаи  мазкур, яъне гирифтани таълими ғайриқобили дарк, онҳо барои идомаи таҳсил ба кишварҳои исломӣ сафарбар мегарданд».

«Барои мисол, то имрӯз дар маҷмӯъ 4166 толибилм муайян гардида, 3178 нафари онҳо, аз ҷумла аз минтақаи Қӯрғонтеппа – 30%, Кӯлоб – 22%,  Суғд – 18%, ноҳияҳои тобеъи марказ – 20%, Душанбе – 9% ва Бадахшон – 1% ба ватан баргардонида шудаанд. Омӯзиш нишон дод, ки аксари толибилмонро нафароне ташкил медиҳанд, ки донишҳои дунявӣ надошта, ҷаҳонбинии онҳо дар ғояи таассуб ташаккул ёфтааст. Аз шумораи умумии толибилмон 5% – наврасони то 15-сола, 20%  –  ҷавонони то 20-сола, 55% – то 25- сола  ва 22% – аз синни 25-сола боло мебошанд», – гуфт намояндаи КДАМ.

Ба иттилои ӯ, маълум карда шудааст, ки духтарон ва ҷавонзанони тоҷик низ дар муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил карда, 5%-и баргаштагонро занҳо ташкил мекунанд. «Феълан  1372 нафар дар мадрасаҳои динии хориҷи кишвар, аз он ҷумла 770 нафар дар Миср, 366 нафар дар Туркия, 114 нафар дар Арабистони Саъудӣ, 83 нафар дар Эрон ва 46 нафар дар Покистон ғайрирасмӣ таҳсил доранд», – қайд кард вай.

Тибқи маълумоти омории зикркардаи Бекназаров, зиёда аз 90%-и ҷавононе, ки шавқи дар мадрасаҳои ғайриқонунии кишварҳои исломӣ таҳсил карданро доранд, айнан таълими ғайрирасмии диниро дар дохили кишвар гирифтаанд. «Ҳарчанд барои пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб, мақомоти амнияти миллӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ чораҳои заруриро андешида истодааст, вале бетарафии ҷомеа дар ин самт, боиси қатъ нагардидани ин раванди номатлуб мешавад», – қайд кард ӯ.

Бо такя ба маълумоти тадқиқоти коршиносони ин соҳа, намояндаи КДАМ изҳор намуд, ки яке аз  омили асосии зиёд гардидани теъдоди пайравони ташкилоти динӣ-экстремистӣ, ки сабаби аслии шомил гардидан ба ташкилоти террористӣ мебошад, мавҷуд набудан ё мақсаднок фаъолият надоштани дастгоҳҳои идеологӣ, дониши пасти сиёсӣ ва ҳуввияти ғайримиллӣ доштани пешвоёни динӣ мебошад.

 «Бештари салафиҳо дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, аз ҷумла маҳаллаи Сари Осиё, Сурхоб, Қаротегин, бозорҳои «Корвон», «Ганҷина», «Панҷшер», «Султони Кабир», шаҳрҳои Кӯлоб, Хучанд, Чкаловск, Истаравшан, ҷамоатҳои деҳоти Қади Оби шаҳри Роғун, Роҳатӣ, Чимтеппа, Чоряккорон, Гулистон ва Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ, Деҳқонобод, Сомон, Алмосии ноҳияи Ҳисор, Каланак ва Оби Меҳнати ноҳияи Рашт ва Калинини ноҳияи А.Ҷомӣ кору зиндагӣ мекунанд», – гуфт Бекназаров.

Ба гуфтаи ӯ, ташкилотҳои экстремистӣ, аз ҷумла «Салафия» идеологияи бофтаи худро дар доираи таълимоти дини Ислом ба роҳ монда, барои ташкил ва ташаккули ташкилотҳои террористӣ хизмат мекунад. Баҳри пешгирӣ ва паҳншавии ин падидаҳо дар асоси манфиатҳои миллӣ, давлатӣ ва динӣ, миёни аҳолӣ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ зарур аст», – зикр кард Бекназаров.

Ӯ Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистонро барои танҳо то нимаи чорабинӣ иштирок карданаш мавриди иниқод қарор дод. «Бубинед, муфтӣ чӣ гуна масъулият дорад. Мо бояд шурӯъ аз уламо як низом барпо кунем», – афзуд намояндаи КДАМ.

Қамар Нурулҳақов, намояндаи Маркази исломшиносии назди президенти ҶТ низ аз фаъолияти Шӯрои уламои кишвар интиқод карда, таъкид дошт: «Судӣ олӣ ва ҳукумат, ҳама аз салафиҳо сухан мекунанду бонги хатар мезананд, чаро Шӯрои уламои Тоҷикистон хомӯш аст? Ин чӣ маъно дорад? Ё шояд онҳо созиш доранд ё метарсанд. Ҳатто дар телевизион аксарият аз ба забон овардани калимаи «салафия» худдорӣ мекунанд. Вале аз ҳама аҷибаш дар он аст, ки агар мансабдорон ё кормандони давлатӣ салафиҳоро танқид кунанд, ба онҳо баъзан ҳатто таҳдид мекунанд».

Абдуллоҳи Муҳаққиқ, коршиноси масоили амният низ қайд кард, ки Шӯрои уламо нисбат ба масъалаи салафиҳо мавқеъи муайяни худро надорад.

spot_imgspot_img

Популярное