Қирғизистон ба нерӯи барқи арзони Тоҷикистон умедвор аст

– Қирғизистон ҳамин моҳ ба воридоти нерӯи барқ аз Тоҷикистон шурӯъ карданист, – иттлоъ медиҳанд ВАО-и Қирғизистон  бо истинод ба Агентии давлатӣ оид ба танзими фаъолияти комплекси сӯзишворӣ-энергетикии назди ҳукумати ин кишвар. Дар маълумот қайд мешавад, ки «дар робита ба камбуди барқ дар соли 2015, идомаи воридоти он аз Қазоқистону Тоҷикистон дар назар буда, моҳи […]

Пайрав Чоршанбиев



– Қирғизистон ҳамин моҳ ба воридоти нерӯи барқ аз Тоҷикистон шурӯъ карданист, – иттлоъ медиҳанд


ВАО-и Қирғизистон


 бо истинод ба Агентии давлатӣ оид ба танзими фаъолияти комплекси сӯзишворӣ-энергетикии назди ҳукумати ин кишвар.

Дар маълумот қайд мешавад, ки «дар робита ба камбуди барқ дар соли 2015, идомаи воридоти он аз Қазоқистону Тоҷикистон дар назар буда, моҳи апрел воридоти барқ аз Қазоқистон дар ҳаҷми 400,69 млн. кВт/соат ба итмом расид ва аз моҳи июн то сентябр харидории 225 млн. кВт/соат барқ аз Тоҷикистон пешбинӣ шудааст».

Дар ҳамин ҳол, дар вазорату идораҳои бахши энергетикаи Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» маълумот дар бораи оғози содироти нерӯи барқ ба Қирғизистонро тасдиқ накарданд. «Оид ба содироти нерӯи барқ ба Қирғизистон алҳол ҳеҷ як қарордоди мушаххасе ба имзо нарасидааст», – гуфт як манбаъ ба «Азия-Плюс» дар ширкати «Барқи тоҷик».

Ба гуфтаи манбаъ, моҳи апрел ва май ду марҳилаи гуфтушунид оид ба ин масъала доир гардида, ҷонибҳои сари арзиши барқи содиршаванда ба мувофиқа расида натавонистанд. «Дар гуфтушуниди ахир мо ба онҳо бо назардошти ҳамаи хароҷот тарифи имконпазири худро пешниҳрод кардем ва онҳо гуфтанд, ки пешниҳоди моро меомӯзанд, вале то ҳол аз ҳамтоҳои қирғиз посухе нагирифтаем», – афзуд манбаъ.

Ахири моҳи апрели соли равон аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс»

дар ин робита иттилоъ дода буданд

, ки Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқи зиёдатии худро барои содирот дар мавсими тобистон бо нархи 3,5 сент барои 1 кВт/соат пешниҳод намуда, аммо намояндагони Қирғизистон ин нархро хеле баланд шуморидааанд ва изҳор доштаанд, ки дар ин давра барқро аз Тоҷикистон бо нархи ҳамагӣ 2 сент (1 кВт/соат) хариданианд.

Чунин пешниҳоди Қирғизистнро дар ширкати «Барқи тоҷик» қобили қабул намедонанд, зеро ин арзиш ҳатто хароҷоти худи ширкатро пӯшонида наметавонад.

Дар ҳамин ҳол, масъалаи содироти барқи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя метавонад зимни сафари расмии нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев ба Душанбе, ки ба санаи 8 июни соли ҷорӣ таъин шудааст, ҳаллу фасл шавад, зеро дар мулоқоти ҷонибҳо баррасии ин масъала низ ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», дар мавсими тобистони соли гузашта аз Тоҷикистон ба Қирғизистон бо нархи 2 сент барои 1 кВт/соат 226,7 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол гардида буд. Аз нимаи соли 2014 арзиши 1 кВт/соат нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон 12,6 дирам (бо қурби ҳозира беш аз 2 сент) муқаррар шудааст.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки Қирғизистон аз Қазоқистон нерӯи барқро бо арзиши 5,7 сент барои 1 киловатт харидорӣ мекунад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.