Вазорати мудофиа: Навори «дедовшина» дар шабакаҳои иҷтимоӣ иғвогарӣ аст

– Навори видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо саҳнаи лату кӯби сарбозони ҷавон аз ҷониби хизматчии ҳарбии собиқадор (кӯҳансол) ё ҳайати хурди афсарӣ дар артиши Тоҷикистонро бо як сухан метавон иғвогарӣ номид, – иброз дошт ба «Азия-Плюс» котиби матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев. Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз ахири соли гузашта тамоми қисмҳои низомӣ ва воҳидҳои […]

Аваз Юлдошев



– Навори видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо саҳнаи лату кӯби сарбозони ҷавон аз ҷониби хизматчии ҳарбии собиқадор (кӯҳансол) ё ҳайати хурди афсарӣ дар артиши Тоҷикистонро бо як сухан метавон иғвогарӣ номид, – иброз дошт ба «Азия-Плюс» котиби матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев.

Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз ахири соли гузашта тамоми қисмҳои низомӣ ва воҳидҳои Артиши миллии Тоҷикистон пурра бо камераҳои мушоҳидаи видеоӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

«Ҳамаи биноҳои хуфту хез, ошхона, роҳравҳо, макони баргузории машғулиятҳо, истироҳат ва маишати сарбозон тариқи камераҳо шабонарӯзӣ назорат мешаванд, ҳатто ҷараёни машғулиятҳо ва омодагии ҳарбии сарбозон шабонарӯзӣ мушоҳида мегардад ва дар сафи қушӯнҳои Вазорати мудофиа чунин ҳодисаҳои муносибатҳои ғайриоинномавӣ ба қайд гирифта нашудааст», – гуфт Маҳмадалиев.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамарӯза қабл аз сафороии субҳгоҳӣ афсарон бо сарбозон суҳбатҳои инфиродӣ мегузаронад, ки ҳар як арзу шикоят ё муроҷиати дар ҷараёни он гуфташударо раҳбарияти қисмҳои низомӣ ҳамаҷониба меомӯзад.

Дар навори видеоиии мазкур чӣ гуна аз ҷониби хизматчии ҳарбии собиқадор (кӯҳансол) ё ҳайати хурди афсарӣ ба таври бераҳмона муддати 8 дақиқа лату кӯб шудани сарбозони ҷавон намоиш дода мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.