Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати фармондеҳи фирории ОМОН

Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати собиқ фармондехи Дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, ки ба созмони террористии «Давлати исломӣ» пайваст, мутобиқи моддаи «Зархаридӣ (Наемничество) парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба манбаъҳо аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иттилоъ медиҳад. ТАСС ҳамчунин менависад, «мақомоти салоҳиятдор дар бораи ҳақиқатан ҳам […]

ASIA-Plus



Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати собиқ фармондехи Дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, ки ба созмони террористии «Давлати исломӣ» пайваст, мутобиқи моддаи «Зархаридӣ (Наемничество) парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба манбаъҳо аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иттилоъ медиҳад.

ТАСС ҳамчунин менависад, «мақомоти салоҳиятдор дар бораи ҳақиқатан ҳам дар сафҳои Давлати исломӣ дар Сурия қарор доштани Ҳалимов, ки ҳанӯз ахири моҳи апрел бо ду тан аз ҳаммаслакони наздики худ тариқи транзит аз Туркия ба он ҷо рафтааст, маълумоти дақиқ дар даст доранд».

Ба иттилои намояндаи КДАМ, «айни замон Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати 417 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба гумони зархаридӣ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. «Ному насаб ва дигар ахбори марбут ба онҳо маълум буда, дер ё зуд ин афрод назди қонун барои аъмолашон ҷавоб хоҳанд гуфт», – афзудааст ҳамсуҳбати ТАСС.

Қобили зикр аст, ки бо пешниҳоди Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ,  Суди олии Тоҷикистон Гурӯҳи Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ)-ро ба

феҳристи созмонҳои террористӣ

шомил кард.

Дар ҳамин ҳол,

радиои «Озодӣ»

бо истинод ба CNN хабар медиҳад, ки Департаменти давлатӣ ё Вазорати умури хориҷии Амрико тамринҳои зиддитеррористии Гулмурод Ҳалимовро тасдиқ намуда, Пуҷа Ҷунҷунвала, намояндаи расмии ин ниҳод гуфтааст, Ҳалимов бо пешниҳод ва замонати ҳукумати Тоҷикистон ба ин тамринҳо роҳ ёфта,  аз соли 2003 то 2014 панҷ давраи омӯзишии зиддитеррористиро дар Амрико ва Тоҷикистон гузаштааст.  

«Ҳадаф омӯзиш додани номзадҳо бо навтарин шеваҳо ё тактикаи навтарини мубориза бар зидди терроризм буд, ки инак худи Ҳалимов ба сафи онҳо пайвастааст», – иброз доштааст номбурда.

Мавриди зикр аст, ки фармондеҳи ОМОН-и ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов бо дархости ҳукуматдорони Тоҷикистон мавриди

пайгарди қонунии байнулмилалӣ

эълон шуд. Ин эълон дар 

сомонаи расмии

  Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ (Интерпол) ҷойгир шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.