Коршиноси масоили сиёсӣ ва журналист Нуралӣ Давлат дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» дар робита ба нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки рӯзҳои 9-10 июл дар шаҳри Уфаи Русия доир мегардад, изҳор намуд, ки дар ин нишаст эҳтимоли пазируфтани Муғулистон ба ҳайати созмон зиёд аст.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз Муғулистон қариб бо ҳеҷ кадоме аз кишварҳои ҷаҳон мушкилоте надошта, бо ду кишвари пешрафтаи СҲШ – Русия ва Чин марзи умумӣ дорад, ки барои шомил гардидан ба созмон имкон медиҳад.
Ғайр аз ин, изҳор намуд коршинос, ҳамчунин эҳтимоли зиёде вуҷуд дорад, ки дар нишасти Уфа Беларус аз шарики муколамаи СҲШ ба мақоми давлати нозири созмон гузаронида шавад.
Ба андешаи Н.Давлат, талоши Эрон барои ба узвияти СҲШ пазируфта шудан алҳол бесамар хоҳад буд, зеро ин давлат бо бисёре аз кишварҳои дунё, бахусус дар робита ба барномаи ҳастаӣ мухолифатҳо дорад.
«Ба бисёре аз сиёсатмадорон ва коршиносон саҳеҳан маълум нест, ки СҲШ аз НАТО чӣ тафовуте дорад, Афғонистоне, ки амалан аз ҷониби НАТО ғасб шудааст, давлати нозири СҲШ мебошад, Покистон – иттифоқчии бузурги ИМА дар минтақа низ дар СҲШ чунин мақом дорад, вале ин ҷо мебояд таъкид намуд, ки Исломобод бо Пекин муносибатҳои ҳамҷавории хуб дорад ва Туркия ҳам, ки узви НАТО аст, дар СҲШ мақоми шарик оид ба муколамаро дорад», – қайд кард номбурда.
Коршинос ҳамчунин илова намуд, ки дар нишасти Уфа саҳеҳтар муайян шудани мавқеъҳои Созмон дар ҷаҳони муосир комилан имконпазир аст.



