Рашид Олимов – дабири кулли ояндаи СҲШ?



Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Маскав бахшида ба омодагӣ ба нишасти сарони кишварҳои узви Созмон, ки  моҳи июли соли равон дар шаҳри Уфаи Русия доир мегардад, исми номзади асосӣ ба мансаби дабири кулли СҲШ садо дод.

Бино ба маълумоти «Коммерсантъ», ин шахс дипломат аз Тоҷикистон Рашид Олимов шуда метавонад. Агар номзадии ӯ тасдиқ шавад, аз 1 январ ӯ дабири  кулли ҳозираи СҲШ, намояндаи Русия Дмитрий Мезентсевро иваз мекунад, ки аз моҳи июни соли 2012 дар ин мансаб ифои вазифа мекунад.

Ба иттилои нашрия, зимни ҷаласа Русия як қатор пешниҳодҳо кард, ки аз ҷумла қабули изҳороти махсус оид ба дурнамои узвияти Эрон ба Созмон, мавриди истифода қарор додани майдони СҲШ барои беҳбуди пайвастшавии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, лоиҳаи «Минтақаи иқтисодии Роҳи абрешим»-и Чин ва таъсиси Маркази байнулмилалии омодагирии пешазлоиҳавӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои СҲШ мебошанд.

Қабл аз ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ (Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон) бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот карданд. Президент ҷаласаро «аз нигоҳи омодагӣ ба нишасти қарибулвуқӯъи Уфа калидӣ» номид.

Ба гуфтаи президенти Русия, СҲШ «торафт вазн ва аҳаммияти хосе касб намуда, ба ҷуз аъзои имрӯза, боз 12 кишвар ба кори он таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд». «Мо ба мувофиқа расидем, ки имкони қабули Ҳиндустону Покистон ва СҲШ-ро баррасӣ мекунем», – иброз доштааст Владимир Путин.

spot_imgspot_img

Популярное