Рӯзҳои конфронс дар Душанбе ҳаракати нақлиёт ҳамагӣ 2-3 дақиқагӣ маҳдуд мешавад

Рӯзҳои баргузории Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд дар Душанбе ( 9-11 июн) ба ҳаракати нақлиёт дар маркази пойтахт метавон гуфт, ки маҳдудияте ҷорӣ намешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Шуъбаи БДА Раёсати ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, зимни ҳаракати қатораҳои нақлиёти ҳайатҳои кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ ба макони асосии баргузории конфронс – […]

Аваз Юлдошев



Рӯзҳои баргузории Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд дар Душанбе ( 9-11 июн) ба ҳаракати нақлиёт дар маркази пойтахт метавон гуфт, ки маҳдудияте ҷорӣ намешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Шуъбаи БДА Раёсати ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, зимни ҳаракати қатораҳои нақлиёти ҳайатҳои кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ ба макони асосии баргузории конфронс – маҷмааи «Кохи Сомон», ҳаракати нақлиёт метавонад ҳамагӣ ба муддати 2-3 дақиқагӣ баста шавад.

«Имрӯз тақрибан соати 13 ташрифи нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев ба Тоҷикистон дар назар буда, дар ин робита ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз фурудгоҳ то қароргоҳи ҳукумати Тоҷикистон барои як вақти муайяне маҳдуд мешавад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки шоми имрӯз низ дар робита ба ташрифи нахуствазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба Душанбе, маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт ба як вақти муайян дар ин қитъаи роҳ пешбинӣ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.