Ҳабси мушовири президенти Тоҷикистон ба гумони фасодкорӣ

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар содир шудани ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, мушовири дастгоҳи ёвари президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрӣ Ҳасан Раҷабовро ба ҳабс гирифтанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ, мансабдори воломақоми давлатӣ ҳафтаи гузашта бевосита дар ҷойи […]

ASIA-Plus



Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар содир шудани ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, мушовири дастгоҳи ёвари президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрӣ Ҳасан Раҷабовро ба ҳабс гирифтанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, мансабдори воломақоми давлатӣ ҳафтаи гузашта бевосита дар ҷойи кораш ба ҳабс гирифта шудааст.

«Ҳ. Раҷабов ба содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ дар замоне гумонбар дониста мешавад, ки сардори бевоситааш ёвари онвақтаи президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрӣ Абдуҷаббор Азизӣ буд. Айни замон ӯ муовини аввали раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аст», – зикр кард манбаъ.

Дар бораи дигар ҷузъиёти ин ҳодиса маълумот дастрас нест.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.