Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии соҳаҳои амнияти миллӣ, идораи замин ва геодезия, меъморӣ ва сохтмон, телевизион, радио, дигар воситаҳои иттилоърасонии давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода тағйироти кадрӣ амалӣ намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст
шаш нафар кадрҳои ҷавону болаёқат ва дар айни замон соҳибтаҷрибаи
соҳаи амнияти миллӣ ба вазифаҳои пурмасъулияти роҳбарӣ дар ин соҳа таъин гардиданд.
Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич
аз вазифаи ёрдамчиии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ озод ва ба вазифаи директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Каримов Азизмамад Душанбиевич
муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ,
Қодирзода Саъдӣ Сангимурод
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Холов Карим Иброҳимович
Директори генералии ҶСК “Тоҷиктрансгаз”,
Саидзода Нуралӣ Ғиёс
муовини аввали раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Мирзозода Низом Юсуфӣ
муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Азизов Рустам Анварович
муовини директори муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ”,
Матробов Саодатшо Қосимович
муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Сангов Муродалӣ Маҳмадиевич
ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таъин гардида,
Сайдамир Ҷононов
бо сабаби расидан ба синни нафақа аз ин вазифа озод карда шуд.
Акрамзода Парвиз Акрам
муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода,
Холова Солеҳа Холмаҳмадовна
ва
Собиров Ғафурҷон Мирзоалиевич
муовинони раиси шаҳри Турсунзода таъин карда шуданд.
Гадоиён Шокирҷон Гадо
директори муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор” таъин гардид.



