Се нафар марзбонони аз асорат озодшуда хизматро идома медиҳанд



Се нафар аз марзбонони тоҷик, ки чанде қабл аз асорати ҳаракати «Толибон» аз Афғонистон озод карда шуданд, ба хизмати худ дар сафи нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ идома медиҳанд. Як тан аз онҳо ба анҷоми муҳлати хизмат ба хонааш баргашт.

Сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 19 июн Фарҳод Калонови 19-сола (сокини ш. Душанбе) муҳлати хизматро адо намуда, ба хонаашон баргаштааст.

«Се нафари дигар – Сироҷ Давлатови 24-сола (сокини ноҳ. Қумсангир), Тӯйчибоӣ Нурбоеви 19-сола (сокини ноҳ. Панҷакент) ва Меҳроҷ Шодиеви 21-сола (сокини ноҳ. Рӯдакӣ) ҷиҳати адои муҳлати боқимондаи хизмат ба қисмҳои низомии мустақар дар шаҳри Душанбе фиристода шуданд», – иброз дошт ӯ.

Фатҳулло Шодиев, падари Меҳроҷ Шодиев ба

Радиои Озодӣ

гуфтааст, фарзандаш як соли дигар барои анҷоми пурраи хизмати аскарӣ ҷалб карда шудааст ва дар яке аз қисмҳои ҳарбии шаҳри Душанбе адои хизмат мекунад.

Мухтор Калонов, падари Фарҳод изҳор намудааст, ки писараш аз се рӯз ба ин тараф дар назди бародарону хоҳаронаш аст ва вазъи саломатиаш хуб мебошад ва ҳеҷ шикояте надорад.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Қатар, марзбонони тоҷик 

бо мусоидати амири Қатар

 озод карда шудаанд. Марзбонони тоҷик ҳудуди ним сол таҳти назорати ҳаракати Толибон дар асирӣ дар Афғонистон қарор доштанд.

spot_imgspot_img

Популярное