Се нафар марзбонони аз асорат озодшуда хизматро идома медиҳанд

Се нафар аз марзбонони тоҷик, ки чанде қабл аз асорати ҳаракати «Толибон» аз Афғонистон озод карда шуданд, ба хизмати худ дар сафи нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ идома медиҳанд. Як тан аз онҳо ба анҷоми муҳлати хизмат ба хонааш баргашт. Сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи […]

ASIA-Plus



Се нафар аз марзбонони тоҷик, ки чанде қабл аз асорати ҳаракати «Толибон» аз Афғонистон озод карда шуданд, ба хизмати худ дар сафи нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ идома медиҳанд. Як тан аз онҳо ба анҷоми муҳлати хизмат ба хонааш баргашт.

Сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 19 июн Фарҳод Калонови 19-сола (сокини ш. Душанбе) муҳлати хизматро адо намуда, ба хонаашон баргаштааст.

«Се нафари дигар – Сироҷ Давлатови 24-сола (сокини ноҳ. Қумсангир), Тӯйчибоӣ Нурбоеви 19-сола (сокини ноҳ. Панҷакент) ва Меҳроҷ Шодиеви 21-сола (сокини ноҳ. Рӯдакӣ) ҷиҳати адои муҳлати боқимондаи хизмат ба қисмҳои низомии мустақар дар шаҳри Душанбе фиристода шуданд», – иброз дошт ӯ.

Фатҳулло Шодиев, падари Меҳроҷ Шодиев ба

Радиои Озодӣ

гуфтааст, фарзандаш як соли дигар барои анҷоми пурраи хизмати аскарӣ ҷалб карда шудааст ва дар яке аз қисмҳои ҳарбии шаҳри Душанбе адои хизмат мекунад.

Мухтор Калонов, падари Фарҳод изҳор намудааст, ки писараш аз се рӯз ба ин тараф дар назди бародарону хоҳаронаш аст ва вазъи саломатиаш хуб мебошад ва ҳеҷ шикояте надорад.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Қатар, марзбонони тоҷик 

бо мусоидати амири Қатар

 озод карда шудаанд. Марзбонони тоҷик ҳудуди ним сол таҳти назорати ҳаракати Толибон дар асирӣ дар Афғонистон қарор доштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.