М.Убайдуллоев ҳайати парлумони НАТО-ро ба ҳузур пазируфт



Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 22 июн ҳайати Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ /СААШ/ ё худ НАТО-ро таҳти сарварии раиси Кумита оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва амният Виталино Канас ба ҳузур пазируфт.

Тавре як манбаъ аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, зимни мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«М.Убайдуллоев таваҷҷуҳи меҳмононро ба лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон дар бахшҳои гидроэнергетика ҷалб намуда, аз онҳо дархост кард, ки дастовардҳои Тоҷикистонро дар соҳаҳои иқтисод, гуногунандешии сиёсӣ, демократикунонии ҷомеа ва бунёди давлати ҳуқуқӣ ва дунявӣ воқеъӣ арзёбӣ намоянд», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин атрофи вазъ дар минтақа ва Афғонистон, мубориза бо чолишу ситезаҷӯиҳои муосир ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар карданд.

spot_imgspot_img

Популярное