Айбдоркунанда ба «шайх Темур» 18 соли зиндон талаб кард



Айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба «шайх Темур», ки гӯё «даъвои пайғамбарӣ дошт», аз суд дархост намуд, ки ӯ ба 18 соли зиндон маҳкум карда шавад.

Мавлудхон Солеҳов, адвокати С.Сатторов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост намудааст, ки зерҳимояаш мутобиқи панҷ моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – худсарона азхуд кардани қитъаи замин, таҳқири ҷасадҳои фавтидагон ва макони гӯронидани онҳо, тамаъҷӯӣ, серзанагӣ ва монеъ шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмӣ (нуҳсола) гунаҳкор эътироф карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки дар мурофиаҳои қаблии судӣ, ки дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад, судшаванда

қисман

ба гуноҳҳояш дар серзанагӣ, монеъ шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмӣ (нуҳсола) ва худсарона азхуд намудани қитъаи замин иқрор шуда, дар дигар айбномаҳо худро гунаҳкор эътироф накард.

Нимаи дуюми моҳи феврали соли ҷорӣ бо қарори суди ноҳияи Синои пойтахт Саидмаҳдихон Сатторови 65-сола 

ба ҳабс гирифта шуда

, нисбати ӯ мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. «Шайх Темур» ба содир намудани ҷиноятҳои марбут ба қаллобӣ, серзанагӣ ва ғайра гумонбар донита мешавад.

Ёдрас мекунем, Шабакаи Аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6-уми феврал

филмеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод

, ки аз корнамоиҳои Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” нақл мекунад.

Қобили зикр аст, ки то санаи 16-уми феврал С.Сатторов дар деҳаи Асбоби ҷамоати Работи шаҳри Турсунзода таҳти ҳабси хонагӣ қарор дошт.

spot_imgspot_img

Популярное