Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар доираи гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2015” ҳангоми азназаргузаронии заминҳои наздиҳавлигии деҳаи Ҳаёти нави ноҳияи Ҳисор 8 бех ниҳоли бангдонаро, ки нигоҳу бин шудаанд, ошкор намуданд. Ин ниҳолҳо ба сокини 51-солаи ноҳия тааллуқ доштанд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, инчунин аз дохили девор растаниҳои нимхушкаи бангдона дарёфт ва мусодира карда шуда, тафтишот муайян намуд, ки соҳиби замини наздиҳавлигӣ шахсан растаниҳои бангдонаро шинонидаву онҳоро хушконида, дар дохили девор пинҳон намудааст.
Гуфта мешавад, ҳоло тафтишот муайян намуда истодааст, ки бо кадом мақсад соҳиби замини наздиҳавлигӣ растаниҳои бангдонаро парвариш намудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.



