«Шайх Темур» аз суд дархост кард, ки дар моҳи Рамазон озод карда шавад

Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба «шайх Темур», ки гӯё «даъвои пайғамбарӣ дошт», рӯзи 7 июл дар сухани ниҳоии худ аз суд дархост намуд, ки дар ин моҳи шарифи Рамазон озод карда шавад. Дар ҳамин ҳол, судшаванда хоҳиш кард, ки «бегуноҳии ӯ аз рӯи бисёр айбномаҳо ва пиронсолии ӯ» ба инобат гирифта шавад. Мавлудхон Солеҳов, адвокати С.Сатторов […]

Мавзуна Абдуллоева



Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба «шайх Темур», ки гӯё «даъвои пайғамбарӣ дошт», рӯзи 7 июл дар сухани ниҳоии худ аз суд дархост намуд, ки дар ин моҳи шарифи Рамазон озод карда шавад. Дар ҳамин ҳол, судшаванда хоҳиш кард, ки «бегуноҳии ӯ аз рӯи бисёр айбномаҳо ва пиронсолии ӯ» ба инобат гирифта шавад.

Мавлудхон Солеҳов, адвокати С.Сатторов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, зерҳимояи 65-солаи ӯ аз судя Шавкат Лутфуллозода дархост намудааст, нишондоди шоҳидон зимни баррасии парванда дар мурофиаро, ки ба аз ҷониби ӯ истифода нашудани зӯроварӣ, фишор ва таҳдид нисбати онҳо баёнот додаанд, ба эътибор гирифта шавад ва ҳамчунин далели тамаъҷӯӣ низ исботи худро наёфтааст.

Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта, 8 июл содир шудани ҳукми суд нисбати Саидмаҳдихон Сатторов дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки йбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи Саидмаҳдихон Сатторов,

аз суд дархост намуда буд,

ки ӯ ба 18 соли зиндон маҳкум карда шавад.

Қобили зикр аст, ки дар мурофиаҳои қаблии судӣ, ки дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад, судшаванда 

қисман 

ба гуноҳҳояш дар серзанагӣ, монеъ шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмӣ (нуҳсола) ва худсарона азхуд намудани қитъаи замин иқрор шуда, дар дигар айбномаҳо худро гунаҳкор эътироф накард.

Нимаи дуюми моҳи феврали соли ҷорӣ бо қарори суди ноҳияи Синои пойтахт Саидмаҳдихон Сатторови 65-сола 

ба ҳабс гирифта шуда

, нисбати ӯ мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. «Шайх Темур» ба содир намудани ҷиноятҳои марбут ба қаллобӣ, серзанагӣ ва ғайра гумонбар донита мешавад.

Ёдрас мекунем, Шабакаи Аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6-уми феврал 

филмеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод

, ки аз корнамоиҳои Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” нақл мекунад.

Мебояд гуфт, то санаи 16-уми феврал С.Сатторов дар деҳаи Асбоби ҷамоати Работи шаҳри Турсунзода таҳти ҳабси хонагӣ қарор дошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.