Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён имрӯз ба журналистон иттилоъ дод, ки ба ӯ аз собиқ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Ёқуб Салимов ҷиҳати пеш аз муҳлат озод карданаш аз зиндон дар робита ба беморӣ муроҷиатнома нарасидааст.
Ба гуфтаи ӯ, барои пеш аз муҳлат озод кардани маҳбуси бемор аввал бояд сардори ин муасисаи ислоҳӣ ба суди маҳалли ҷойгиршавии зиндон муроҷиат намояд.
Ёдрас мекунем, ки аввали соли ҷорӣ зимни нишасти хабарӣ дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба рӯзноманигорон иттилоъ дода буданд, ки муҳлати ҷазои Ёқуб Салимов моҳи декабри соли 2015 ба итмом мерасад.
«Давоми 6 моҳи соли равон Суди олии Тоҷикистон 6 шаҳрванди кишварро барои одамкушӣ маҳкум кард. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин рақам ба 12 нафар баробар буд», – қайд кард Шоҳиён.
Раиси Суди олии ҶТ ҳамчунин изҳор намуд, ки соли 2015 судҳои Тоҷикистон 27 нафар шаҳрвандони хориҷиро асосан ба ҷурми қаллобӣ маҳкум кардаанд.
«Аз оғози сол бинобар сабаби ба нафақа баромадан 12 нафар роҳбарон ва судяҳои Суди олӣ курсиҳои худро тарк карданд», – гуфт раиси Суди олии ҷумҳурӣ.
Имрӯз ӯ ба судяҳои Суди олӣ ҷиҳати таҳкими робитаҳо бо ВАО ва дар баробари ин саҳми худро гузоштан ба болоравии саводнокии ҳуқуқии аҳолӣ дастур дод.
Шоҳиён имрӯз ҳамчунин ба судяҳои Суди олӣ дастур дод, ки журналистонро ба ҳамаи мурофиаҳои кушод роҳ диҳанд.



