БМТ сабабҳои коҳиши фишорҳои таваррумӣ ва қурбиро шарҳ дод

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тавассути фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ, аз ҷумла амалиёт дар бозори озод бо истифода аз фурӯши коғазҳои қиматноки худ ва векселҳои давлатии хазинадорӣ таъсири фишорҳои таваррумӣ ва қурбиро коҳиш дод. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, дар нимсолаи якуми соли 2015 аз ҷониби Бонки миллӣ 21 музоядаи коғазҳои қиматнок бо маблағи 348,9 […]

ASIA-Plus



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тавассути фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ, аз ҷумла амалиёт дар бозори озод бо истифода аз фурӯши коғазҳои қиматноки худ ва векселҳои давлатии хазинадорӣ таъсири фишорҳои таваррумӣ ва қурбиро коҳиш дод.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, дар нимсолаи якуми соли 2015 аз ҷониби Бонки миллӣ 21 музоядаи коғазҳои қиматнок бо маблағи 348,9 млн. сомонӣ баргузор гардида, инчунин, дар давраи баррасишаванда, 3 музоядаи векселҳои давлатии хазинадории Вазорати молия ба маблағи 119,8 млн. сомонӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа, сатҳи таваррум дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 2,6 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 банди фоизӣ пасттар мебошад.

Гуфта мешавад, дар давраи моҳҳои январ-июни соли 2015 нишондиҳандаи пулҳои захиравӣ 10,9 фоиз ва пулҳои нақди ба муомилот бароварда 2,4 фоиз афзуд. Афзоиши нишодиҳандаҳои мазкур асосан дар муддати семоҳаи дуюм ба амал омад, ки ин ба болоравии талаботи аҳолӣ ба пул бо назардошти афзоиши интиқолҳои пулӣ нисбат ба семоҳаи якум ва инчунин, бинобар болоравии талаботи иқтисодиёт ба пули миллӣ (бо назардошти коҳиши лаппишҳои қурбӣ) дар семоҳаи дуюм вобаста мебошад.

«Ҳамчунин, қурби пули миллӣ низ дар давоми семоҳаи дуюм нисбатан устувор гардид, ки ин ба андешида шудани чораҳои таъсиррасон аз ҷониби Роҳбарияти нави Бонки миллӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти назоратӣ ҷиҳати пурзӯр намудани назорат ва аз байн бурдани фаъолияти ғайриқонунии шахсони воқеӣ (бахусус дар вилояти Суғд), муътадил гардонидани бозори дохилии асъор, бахусус танзими нуқтаҳои мубодилаи асъор, барқарор шудани манбаъҳои асосии воридшавии асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз содирот ва интиқолҳои пулӣ, кам шудани ҳаҷми асъори аз ҷумҳурӣ ба хориҷа бароянда ва коҳиши ҳаҷми воридот, ки ҳамаи ин талаботро ба асъори хориҷӣ, аз ҷумла ба доллари ИМА-и нақдӣ кам кард, вобаста мебошад», – омадааст дар маълуомти БМТ.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳадафҳои минбаъда низ аз танзими Низоми Электронии Савдо (НЭС)-и байнибонкӣ ҷиҳати ба кор даровардани механизми бозори озоди асъор, ки ба реҷаи онлайн (воқеӣ) хариду фурӯш намудани асъор бо сомонӣ ва барои боз ҳам ба эътидол овардани бозори асъорӣ мусоидат менамояд, иборат аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.