Дар мувофиқа бо Президенти ҶТ бо фармоиши Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ полковник Давлатзода Шералӣ сардори нави Раёсати Агентӣ дар ВМКБ таъин гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ин мансаб ӯ Муртазо Ҳайдарзодаро иваз намуд, ки дар навбати худ муовини директори АНМ таъин шудааст.
Полковники хизмати назорати маводи нашъаовар Давлатзода Шералӣ соли 1967 таваллуд шудааст. Соли 1986-1988 дар сафи Артиши Шӯравӣ хизмат намуд.
Соли 1989 хизматро дар мақомоти корҳои дохилӣ оғоз намуда, дар ҷузъу томҳои оперативӣ хизмат намуд. Соли 1999 Мактаби олии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуд. Аз соли 2000 до имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла муовини сардори Раёсати Агентӣ дар ВМКБ хизмат намудааст.
Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.



